Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Қонуни танзим – кафолати зиндагии шоиста

Қонуни танзим – кафолати зиндагии шоиста

14-06-2017, 09:04
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
Қонуни танзим – кафолати зиндагии шоиста
ДЕВАШТИЧ. Дар толори хонаи фарҳанги ноҳияи Деваштич бахшида ба 10 солагии қабули қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конфронси ноҳиявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Танзим – асоси пойдорию мустаҳкамӣ ва ба манфиати рӯзгори оилаҳо» баргузор гардид. Ташаббускорону ташкилкунандагони Конфронси мазкур – бахши кор бо занон ва оила, кор бо дин, САҲШ, бахши кор бо занони КИН ҲХДТ, бахши фарҳанг ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот буда, он дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва маънавӣ баргузор гардид. Кори Конфронсро муовини Раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода оғоз намуда, аз сухани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид, ки қайд намуда буданд: «Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо назардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳанги худамон танзим намоем.» Баъдан Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ба маърӯза баромада махсусан аз дастовардҳову натиҷаҳои мусбиву манфиатбахши пас аз қабули қонуни миллӣ дар ҷамъияту ноҳияву давлат ба вуқӯъпайваста ёдовар шуданд. Доир ба аҳамияти қонун ҷиҳати ободию пойдории рӯзгори мардум факту рақамҳо оварда, аксарияти ташаббусҳои мардумро дар созандагию бунёдкории иншоотҳои хусусияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторидошта, ки тариқи анъанаи бузурги аҷдодӣ – ҳашари умумӣ пояи устувор гирифтаанд, аз татбиқу риояи меъёрҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» алоқаманд намуданд. Ҳамзамон, мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Бобур Абдуллоев доир ба мазмуну моҳияти қонун ва натиҷаҳо дар тӯли даҳ сол мувофиқи ноҳия ва камбудиҳои ҷойдошта маърӯза карда, аз нуқтаи назари Пешвои миллат, ёдрас намуд, то расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низом надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем. Ба маърӯзаву музокира инчунин имом-хатиби масҷиди марказии ноҳия Наҷмиддин Бобоҷонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Даврон Эргашев, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Комрон Исмоилзода, раиси Шӯрои занҳо Раъно Аҳмадҷонова, раисони Ҷамоатҳои деҳот, масъулини комиссияҳо оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, имом-хатибони масҷидҳои ҷомеъ ва раисони шӯрои маҳаллаҳо баромада, фикру андеша ва мулоҳизаву пешниҳодоти худро доир ба ҷараёни татбиқи қонун, рисолати таърихии он, муҳиммият ва нақши муассири он дар таъмини шароити арзандаи инкишоф ва зисту зиндагонии мардум баён намуданд. Ҳар яке аз маърӯзачиёну ба музокира баромадагон аз заковату сиёсати ҳамешагии хирадмандонаву дурандешона ва халқпарваронаву ватандӯстонаи Сарвари давлат бори дигар ёдовар шуда, изҳори қаноатмандиву миннатдории самимии хешро иброз доштанд, ки Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол ва миллати тоҷик бо роҳбариву пуштибонии Пешвои муаззами худ ба сӯйи муваффақиятҳои деринтизору дилхоҳи худ собитқадамона раҳсипор гардида истодааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: