Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Андешаҳои сокинони шаҳр бахшида ба 10-солагии қонуни танзим

Андешаҳои сокинони шаҳр бахшида ба 10-солагии қонуни танзим

23-05-2017, 09:20
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Андешаҳои сокинони шаҳр бахшида ба 10-солагии қонуни танзим
БӮСТОН. Дирӯз, дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бо иштироки зиёда аз 150 нафар омӯзгорон, табибон, ҷавонон, ходимони дин ва сокинони касбу кори гуногун ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш тариқи микрофони озод иштирокдорон андешаҳои хешро перомуни қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баён намуда, тӯли 10-сол мавриди амал қарор гирифтани онро яке аз марҳилаҳои таъмини зиндагии шоистаи сокинон муфид арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Боқӣ Қудратов қабули қонуни мазкурро яке аз тадбирҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар назаррас унвон дода, зикр дошт, ки “сокинони шаҳри Бӯстон рӯз ба рӯз моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро бахубӣ эҳсос намуда, дар баргузории маъракаҳои камхарҷ ҷаҳду талош варзида истодаанд”. Омӯзгори мактаби Президентӣ МЭЛС Нуров вобаста ба масоили мазкур ибрози назар намуда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот қабули қонуни хусусияти миллидоштаро ҳамчун василаи таъмини зиндагии арзанда ба ҳар як сокини мамлакат яке аз намунаи барҷастаи ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат нисбат ба шаҳрвандон унвон дод. Ҳамин тариқ иштирокдорон перомуни дастовардҳои қонуни мазкур ибрози назар намуда, вобаста ба вазъи буҳрони молиявӣ якчанд пешниҳодоти хешро тариқи микрофони озод ҷиҳати боз ҳам камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳо баён намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: