Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Нақши ҷавонон дар татбиқи Қонуни танзим: маблағҳои сарфашуда бояд барои рушди сармояи инсонии навҷавонону кӯдакон равона гарданд

Нақши ҷавонон дар татбиқи Қонуни танзим: маблағҳои сарфашуда бояд барои рушди сармояи инсонии навҷавонону кӯдакон равона гарданд

1-06-2017, 08:24
Хабарро хонданд: 162 нафар
Назарҳо: 0
Нақши ҷавонон дар татбиқи Қонуни танзим: маблағҳои сарфашуда бояд барои рушди сармояи инсонии навҷавонону кӯдакон равона гарданд
/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 май роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар татбиқи Қонуни танзим» семинари илмӣ-назариявӣ баргузор намуд.

Тавре аз Маркази исломшиносӣ хабар доданд, ҳамоиш ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда буд. Дар иртибот ба ҷараёни татбиқи талаботи ин Қонуни миллӣ, дастовардҳо ва мушкилоти ҳанӯз ҷойдошта гузориши илмии директори Маркази исломшиносӣ Файзулло Баротзода зери унвони «Перомуни бозандешӣ дар танзими ҷашну маросимҳо» шунида шуд. Мавсуф зикр намуд, ки «яке аз падидаҳои хотирмон дар шароити истиқлолияти давлатӣ таҳия ва қабули ҳамин Қонуни сарнавиштсоз буд. Дар шароити ҷумҳурии мо бартарият, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани ин Қонун дар он ифода гардид, ки ин масъала бо ҷалби доираи васеи мутахассисон, ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеа ва одамони касбу корҳои гуногун аз тариқи воситаҳои ахбори омма ҳамаҷониба мавриди баррасӣ, радду бадал ва мубоҳисаву натиҷагирӣ қарор дошт. Омӯзиши масъала дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бисёр бозёфту пешниҳодҳои самимӣ ва андешаҳои аз нигоҳи манфиатҳои иқтисодии мардум созандаро ошкор кард, ки онҳо дар маҷмӯъ барои таҳияи як санади мукаммали меъёрию ҳуқуқӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварданд».

Бо овардани рақамҳои оморӣ таъкид гардид, ки баргузории ҷашнҳои арӯсӣ ва хатнасури кӯдак ҳоло тамоюли маъмул шудан дар муҳити чорабинии оилавиро пайдо карда истодааст. Бояд ҳамин тавр ҳам бошад ва зарур аст, ки ин раванди мусбат ҳамаҷониба тарғиб карда шавад ва маблағи аз ин ҳисоб сарфашуда барои рушди сармояи инсонии навҷавонону кӯдакон равона гардад.

Ба ақидаи коршиносони Марказ, воқеият ва марҳалаи сипаришуда собит намуд, ки дар роҳи ҳалли масъалаи танзими ҷашну маросимҳо омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, зеҳнӣ ва равонии шахшудае вуҷуд доранд, ки бартараф намудани онҳо осон нест ва аз ниҳодҳои дахлдор зарурати ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро тақозо менамояд.

Матни комили гузориши зикршуда дар сомонаи Маркази исломшиносӣ (www.mit.tj) гузошта мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: