Иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай10-06-2017, 09:10
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
09.06.2017 17:41 Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд. Дар макони баргузории ҷаласа “Қасри Истиқлолият” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳою ҳайатҳои воломақомро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истиқбол гирифт. Пас аз аксгирии муштарак ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳайати маҳдуд бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон ҷараён гирифт. Дар ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи корӣ, ки асосан аз дарёфти роҳҳои муҳиму муштараки муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, рушди ҳамкории давлатҳои аъзо оид ба пурзур кардани тадбирҳо бар зидди дигар таҳдиду хатарҳо, қабули санади таърихӣ оид ба додани мақоми узви баробарҳуқуқи Созмони Ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, инчунин дигар мавзуъҳои мубрами дорои аҳамияти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ҷаласаи ҳайати васеъ сарони давлатҳою ҳукуматҳои нозир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Белорус, Муғулистон ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дабирони кулли СММ, СҲШ, раёсати СААД, ИДМ, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст ба ҷониби Қазоқистон ва Нурсултон Назарбоев барои созмондиҳии шоистаи ин ҳамоиш ва меҳмоннавозӣ арзи қадрдонӣ намуданд. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои Покистону Ҳиндустонро барои шомил шудани кишварашон ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ин кишварҳо ҳамчун аъзои комилҳуқуқ барои нуфузи созмон дар арсаи олам саҳми арзанда мегузоранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки давоми соли сипаришуда бо талошҳои муштарак як қатор тадбирҳо ба хотири таҳкими суботу амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ амалӣ гардид. Вобаста ба вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва кишварҳои Шарқи Наздик, нуфузи гуруҳҳои террористӣ, афзоиши хатарҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҷонноку самаранок кардани фаъолияти Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ҷалб намуданд. Барои пешгирӣ ва муборизаи муштарак бар зидди гардиши маводи мухаддир Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази зидди маводи нашъаовари СҲШ дастгирӣ карда шавад. Ҳамчунин аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузории дорои аҳамияти минтақавӣ зарурати таъсиси Фонди рушд ё Бонки рушди СҲШ ба миён гузошта шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи созмон густариши ҳамкории давлатҳоро дар самтҳои энергетика, рушди энергияи сабз, ҳифзи табиату беҳдошти муҳити зист, инчунин бахшҳои тандурустӣ, фарҳанг, илм, техника, инноватсия, варзиш ва туризм махсус таъкид намуда, татбиқи онҳоро омили муҳими мустаҳкам кардани муносибатҳо маънидод карданд. Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо дар маҷмуъ 11 санади муҳим ба имзо расид. Ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай қабул шудани Покистону Ҳиндустон, қабули Эъломияи Остона, имзои Конвенсия ва қабули изҳороти сарони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба муқовимат бар зидди терроризму экстремизм аз натиҷаҳои бобарори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Ҳамин тавр баъди анҷоми кори ҷаласаи навбатӣ раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2017-2018 ба ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашт. Зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов оид ба натиҷаҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳорот дод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.