Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ

11-10-2018, 16:26
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ
11.10.2018 13:18, шаҳри Душанбе


11 октябри соли 2018 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо ва мавзуъҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ саъю талош меварзем, ки дар кишвари дӯсту ҳамсояи мо - Афғонистон сулҳу салоҳи комил ҳукмфармо бошад.

Ҷонибҳо аз бархурдҳои хунин дар кишварҳои исломӣ, паҳншавии фаъолияти харобиовари нерӯҳои террористиву экстремистӣ, шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, чун терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории созмонёфтаи фаромиллӣ, густариши ҳамкории амниятии кишварҳоро тақозо мекунад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори роҳ ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ гардида, татбиқи барномаи САSA-1000, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, намунаи беҳтарини робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои рушду ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва иттилоот таъкид намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: