Рӯзи тасъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон5-06-2017, 12:38
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
СПИТАМЕН. Ба муносибати 23-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои Сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии Лангари ноҳияи Спитамен қабули савганди наваскарони соли 2017 гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ, ки бахшида ба «Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ» баргузор гардид, сардори раёсати Қушӯнҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд полковник Қадамов Хушқадам, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Насруллоев Ойбек, муовини раиси ноҳия Саидзода Илҳом Тӯлқин, сардори марказӣ таълимии Лангар подполковник Ояҳмадов Фирдавс, комисари ҳарбии ноҳия майор Абдуллоев Расулҷон иштирок намуданд. Сараввал сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд полковник Қадамов Хушқадам ҳозиринро бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз номи роҳбарияти олии ҲХДТ аскаронро табрик намуд. Сипас муовини раиси ноҳия Саидзода Илҳом сухани шодбошии раиси ноҳияро ба самъи ҳозирин расонид. Ба як гуруҳ афсарону сарбозон офисерону прапоршикҳо маркази таълими медал ва тӯҳфаҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд. Наваскарон савганди ҳарби қабул намуданд. Роҳбарият онҳоро табрик намуда барои адои хизмати Ватан бурдбориҳо таманно намуданд. Падару модарони наваскарон низ ба сухан баромаданд. Баъд аз тарафи гуруҳи зудамали қисми ҳарби машқҳои тактики ба онҳо нишон дода шуд. Хонандагони муассисаи МТМУ №7 баромад намуда шеъру сурудҳо қироат карданд. Кормандони бахши фарҳанги ноҳия кормандони Коною Доно бо сурудҳои худ баромад намуданд. Афсарону сарбозон аз марши таълими гузаштанд. Сипас падари наваскар аз н. Ҳисор Мусулмонов Зафар ба сухан баромада бо қабули савганди наваскарон ҳозиринро табрик намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.