Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дидбонгоҳи нави сарҳадӣ

Дидбонгоҳи нави сарҳадӣ

25-04-2018, 07:33
Хабарро хонданд: 167 нафар
Назарҳо: 0
Дидбонгоҳи нави сарҳадӣ
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта ба мактаби ҳифзи марзу буми Ватан, шуҷоат ва қаҳрамониҳо табдил ёфтааст. Қисми сарҳадии 0214, ки дар ноҳия мустақар аст, яке аз ҷузъҳои Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, ҳамчун яке аз қисмҳои намунавӣ дониста мешавад. Дар ноҳияи Деваштич аввалан комендатураи сарҳадӣ ва дидбонгоҳи сарҳадӣ ташкил ёфта, рушду такомул ёфт ва айни ҳол қисми сарҳади таъмини биноҳои маъмурӣ ва ёрирасони дорои шароитҳои замонавӣ мебошад. Барои сарҳадчиён боз як шароити хуби хизматӣ фароҳам гардид. Дар деҳаи Муряки бинои нави мувофиқ ба талабот сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ба истифода дода шудани бинои нави қисми сарҳадӣ Фармондеҳи қушунҳои сарҳадии ҶТ генерал лейтинат Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Котиби Шӯрои амнияти миллии ҶТ генерал полковник Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини аввали раиси вилоят Раҳматзода Рустам, сардори Раёсати қушунҳои сарҳадии ҶТ дар вилояти Суғд Хушқадам Қадамов иштирок доштанд.
Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода сипосгузорӣ баён намуд, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол пештар дар назди қисми сарҳадии дар ноҳиябуда биноҳои ду ошёнаи хуштарҳу замонавии истиқоматӣ барои афсарон ба истифода дода шудааст. Кушода шудани дидбонгоҳи нав боз як таҷассуми диққату эътибори ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ нисбати марзбонон мебошад.
Бинои нав бо маблағи 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат бунёд гардида ҷавобгӯ ба талаботҳои имрӯза мебошад. Корҳои сохтмониро ҶДММ «Фаррухрӯз»-и ноҳияи Масчоҳ ва ҶДММ «Эъҷозкор»-и шаҳри Хуҷатд анҷом додаанд.
Генерал лейтинант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба Раиси ноҳия Рустам Ҷуразода, мудири бахши меъмори ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия П.Кенҷаев раиси Ҷамоати деҳоти Росровут Шарифзода Раҳом Сипосномаи Фармондеҳии ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сармутахассиси шӯъбаи робита бо ҷомеаи МИҲД Равшаной Маъмурова нишони сарисинагии Аълочии қушунҳои сарҳадӣ супорид. Инчунин Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси ноҳия ба афсарону сарбозон, раиси хоҷагии Мурияк Иброҳим Эрматов, сарвари муассисаи таълимии №34 Ҷ.Ҳомидов ва роҳбарони ҶДММ «Фаррухрӯз» ва ҶДММ «Эъҷозкор» супорида шуд.
Лоиқ Тӯйчиев мутахассиси шӯъбаи таблиғоту иттилооти КИҲХДТ н.Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: