Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Махлас (чинигул) –дармони беозор

Махлас (чинигул) –дармони беозор

16-05-2017, 08:37
Хабарро хонданд: 375 нафар
Назарҳо: 0
Махлас (чинигул) –дармони беозор
Дар дасти яке аз ҳамкорон бастаи хушки ин гиёҳи шифобахшро дидам, ки бо тавсияи кадом дӯсташ аз бозор харида буд. Ман ҳам як муддат аз хосиятҳои дармонии ин растанӣ баҳравар будам, аз ин рӯ дар тавсифи он чанд сухан гуфтам. Ҳамкорам бо шавқ гӯш кард, аммо эҳсос мешуд, ки чизи бештаре мехоҳад дар борааш фаҳмад, зеро медонист, ки ҳавсалаи кофтану пайдо кардани маълумот дар бораи гиёҳонро дорам. Бинобар ин ваъда додам, ки ба зудӣ манбаъҳоро дида, иттилои бештаре дар бораи ин алаф пайдо намуда, ба ӯ мерасонам. Дар ҷараёни ошноӣ бо манбаъҳои хаттӣ ва шинохти дубораи хосиятҳои махлас, ба ростӣ маълумоте пайдо шуд, ки аз он чӣ то он замон медонистам, хеле ҷолибтару боарзиштар аст. Чизе, ки арзиши ба як нафар на, балки барои бисёриҳо гуфтанро дорад.
Гиёҳи барои ҳама дастрас
Баҳор вақти рӯидану нумӯи ҳамаи гиёҳон аст. Аммо чидани ҳар яке замони муайян дорад. Махлас ҳам қариб дар ҳама ҷойи кишварамон мерӯяд, ба шарте замин гилӣ ва шӯра набошад. Ёлаву шахпораҳо, гӯшаи сангрезадору махали сабзиши ҷорӯбак ва кокӯтӣ макони махлас ҳам ҳаст. Он буттаи серпояи бисёрсола аст, ки шоха надорад. Гиёҳ ва тухми он дер мерасад, бинобар ин онро охирҳои тобистон ҷамъоварӣ кардан дуруст аст. Ба ҳар сурат фақат буттаи онро даравида гирифта решаашро бояд наканем, то ки соли дигар боз сабзад.
Номи зиёд дорад, аммо як чиз аст
Махлас, мухаллас, махлис, махласкаҳ, чӯпончой мафҳумҳое аст, ки нисбати ҳамин гиёҳ дар минтақаҳои гуногуни кишвар истифода мешавад. Дар ноҳияҳои шимоли кишвар онро “чинигул” ҳам мегӯянд, ки хеле зебо ва ба ин растанӣ мувофиқ аст.
Алафи махлас буттагӣ аст ва аз як реша то 20 поя ҳам мебарорад ва аз 20 то 50 сантиметр қад мекашад. Дар марҳалаи аввали сабзиш монанд ба сабзаи суманак аст, аммо ин гиреҳдор ва ба мисли буттаи гандум дар сараш гул мекунад Дар заминҳои шӯранадоштаи кӯҳдоманҳо, адирҳо ва инчунин дар ҳамвориҳои намнок мерӯяд. Гиёҳи бисёрсола мебошад, ҳар сол аз решааш месабзад ва аз тухмаш низ пайдо мегардад. Онро даравида дар соя хушк мекунанд. Махлас ба монанди бисёре аз растаниҳои шифобахш ба фишор зуд таъсир мерасонад, аммо бо фарқ аз дигар анвои растанӣ фишори баланди хунро паст ва муътадил гардонда, истифодаи давомдори он пайомади манфӣ надорад.
Ба чандин дард давост

Дар манбаъҳои таърихӣ омадааст, ки агар махласро як ҳафта ё камтар (панҷ рӯз ) ба ҷойи чой дам карда ё дар об ҷӯшонида гармогарм бинӯшанд, фишори баланди хунро паст мекунад. Ҳамзамон бо ин рагҳои хунгард агар сахт шуда бошанд, ислоҳ мебахшад.
Чойи махлас инчунин дарди шадиди қулинҷ (варам ва дард кардани рӯдаҳои ғафс) - ро аз байн мебарад.
Дар ҳар ҷои бадан, чӣ дар ҷигар, чӣ дар рӯдаҳо ё мағзи сар таҳшинҳо, ахлоти часпак, ки боиси бемориҳои гуногуни одам мешаванд, пайдо ва ҷамъ шуда бошанд, онҳоро ҳал карда, аз бадан хориҷ месозад.
Махласчой ҷигар, сипурз ва рӯдаҳои сустшударо ба ҳоли аслиашон меоварад, ғадуд ва узвҳои ҳозимаро қавӣ мегардонад ва ба дараҷае солим месозад, ки одам бе ёрии ягон даво нони хушкро ҳам бе чою об хойида хӯрдан мегирад.
Нисён (фаромӯшхотирӣ)-ро ҳам давост
Дар манбаъҳо омадааст, ки дар баъзе аз мавридҳо мардон ва заноне, ки фарзанд намеёфта бошанд, инро бихӯранд, фарзанд меёбанд ва қуввати мардиро, ки дар одамони ҷавон барҳам хӯрда бошад, барқарор мекунад.
Нисён (фаромӯшхотирӣ)-ро ҳам даво мебахшад.Барои одамоне, ки ба корҳои фикрӣ машғуланд низ истифодаи ин гиёҳ муҳим аст. Агар дар натиҷаи кори зиёд асабҳо суст гашта бошанд, аз нав қувват мебахшад. Касро ҳушёр ва зеҳнро тез мекунад, ҳофизаро қувват медиҳад.
Инчунин хушкшудаи ин гиёҳро чой карда, доим нӯшида гарданд, дар натиҷаи иллати асабҳо ва ё вайрон шудани низоми ивазшавии моддаҳо мӯйи сари пеш аз вақт сафедшударо аз нав сиёҳ мегардонад.
Дар сурати дар пайвандҳо (буғумҳо), пой ва ҷойҳои дигари бадан пайдо шудани дард нӯшидани ҷойи махласкаҳ ин дардҳо гум мешавад, иллати пайдошавии ин дардҳоро аз бадан меронад. Инчунин дарди пушт, дарди шона, дарди ронҳо ва дигар дардҳои пайдошударо гум мекунад. Ҳар гуна хунравиҳоро қатъ месозад, ҳатто омадани ҳайзро ҳам дар занҳо бозмедорад.
Агар аз 3,5 то 7 грамми онро кӯфта ё чой барин дам карда бихӯранд, заҳрҳои расида аз мор, каждум, ғунда ва ғайраро бурида, қувват ва таъсири заҳрро аз бадан дафъ мекунад.
Инчунин хилти сафро (талхобаи зарде, ки ҷигари бемор ҷудо мекунад), ки дар бадан ҷамъ шуда, касро азоб медиҳад, аз бадан меронад ва дарунро нарм мекунад, рӯдаҳоро пурқувват мегардонад. Агар мавсими чидани ин гиёҳ гузашта бошад, решаашро шуста, ҷӯшонида, он обро хӯранд ҳам, таъсири дар боло зикрёфтаро дорад, балки қавитар аз он аст.
Чойи ин гиёҳ ҳангоми аввалин бор нӯшидан як андоза бӯйи алаф ва хокро медиҳад, вале дар вақти нӯшидани пиёлаи дуюму сеюм ва минбаъд ба табъ чунон мефорад ва мегуворад, ки одам ҳар қадар бисёртар нӯшида гардад, ҳамон қадар зиёдтар баҳри дилро мекушояд, ба ҳамон андоза бештар ҳаловат бахшида, дилкаштару боз ҳам зиёдтар иштиҳоовар мешавад.
Чойи махласро ҳар чӣ қадар бисёр истеъмол кунанд ҳам, зарар намерасонад. Ҳамаи хосиятҳои мусбати он дар амал санҷида шудаанд. Шояд дар ояндаҳо бо таваҷҷуҳ ба афзоиши талаботи мардум ба дармонии безарар буданаш ин растаниро баъзе аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳамчун зироат парвариш кунанд ва дар соҳаи тандурустӣ васеътар истифода намоянд, аммо ҳоло ки фақат ба таври худрӯй месабзад аз он боэҳтиёт бояд истифода барем.
С. Юсуф



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: