Қанди сафед ё орд?16-05-2017, 17:06
Хабарро хонданд: 357 нафар
Назарҳо: 0
Ва ё чаро барои баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ саломатии халқ муҳим нест Истеъмоли маводи хӯрока асоситарин бахши ҳаёти солими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мафҳуми «амнияти ғизоӣ» ҳам дар ҷумҳурии мо ва ҳам берун аз он хеле маъмул аст. Давлатҳои ҷаҳон кӯшиш мекунанд, ки аҳолиашон ҳар чӣ бештар ба ғизоҳои солим дастрасӣ дошта бошанд. Яке аз муҳаққиқони соҳа С. Хромов амнияти ғизоиро чунин шарҳ додааст: «Амнияти ғизоӣ кафолати доимии ба аҳолӣ дастрас гардидани миқдори зарурии маводи ғизоӣ баҳри таъмини ҳаёти солиму фаъолро муайян мекунад». Олимон ду намуди хатари озуқавориро пешниҳод кардаанд: - Хатари доимии маводи ғизоӣ – ин ҳамин гуна вазъияте мебошад, ки дар он мамлакат, ноҳияҳои он, гурӯҳи аҳолӣ, оила хатари доимии маводи ғизоиро дарк мекунанд, агар истеъмоли доимии маводи хӯрока бо сабаби дастрас карда натавонистан бино бар нарасидани даромади пулӣ ва ё истеҳсоли миқдори зарурии маводи ғизоӣ, нокифоя бошад. - Хатари муваққатии ғизо. Ин вазъияти даврӣ буда, дар натиҷаи ноустувории дастрасшавии ғизо, баландшавии нарх ба маводи ғизоӣ, беҳосилӣ, пастшавии даромади аҳолӣ ба миён меояд. Чанд рӯз пеш дар назди бозорчаи маҳаллаи 33 зане дар ҳоли ҷангу хархаша бо фурӯшанда буд. - Ин чӣ ноинсофист?! Чаро шумо ягон маводи хӯрокаи «мешуданӣ»-ро намефурӯшед. Тамоми молҳои мефурӯхтагиатон пастсифат ва ё умуман қобили истеъмол нест ва мана худатон бинед,-гуфта ин зан халтачаеро ғазаболудона дар пеши савдогар гузошт. Зоҳиран ягон маводи хӯрока будагист аз дил гузарондам ман, зеро дӯконе, ки харидорон дар пешаш ҷамъ шуда буданд, дӯкони озуқаворӣ буд. Ба андешаи он, ки аз асли воқеа хабардор шавам, ман ҳам дар назди дӯкон истода саҳнаро тамошо кардам. Маълум шуд, ки даъвогар як рӯз пеш аз ин фурӯшанда қанди сафед харида будаст. Вале, мутаассифона, баъди истифодаи якчандтои он маълум мегардад, ки қариб нисфи қанди сафеди харидкардаи ӯ орд доштаст. Чун кӯдакони ман қанди сафедро дӯст медоранд, ман низ хоҳиши онҳоро рад накарда қанд мехарам, вале ба ҳар бори мушоҳидаи ман ин қандҳои сафед торафт чиркинтар шудаву орд табдил ёфта истодаанд, - афзуд ин зани фиребхӯрда. Аммо, фурӯшанда ҳам паст наомада- «холаҷон ман ҳам мисли шумо қандро мехарам, гуноҳи ман танҳо ҳамин ҳаст, ки боз ба фурӯш мегузорам, аммо ман онро истеҳсол намекунам- ку?!» Ҳамин тавр, баъд аз баҳсу ҷадали зиёд фурӯшанда ба баргашта гирифтани қанди сафеди фурӯхтагиаш розӣ шуд. Манзур аз овардани ҳодисаи дар боло қайдгардида он аст, ки дар ҳақиқат ҳам қанди сафеде, ки имрӯзҳо ба фурӯш гузошта шудааст, омехтаи орд ва ё намедонам кадом маҳсулоти дигари ордмонанд мебошад, ки ҳангоми истеъмол тамъи нохуше дошта, танҳо бо иловаи 2-3 дона қанд метавонӣ ширин шудани чойро эҳсос намоӣ. Бо вуҷуди ин 1 кг қанд дар бозорҳо то ба 8 сомонӣ мерасад. Ин гуна қандро дар хориҷ аз кишвар танҳо барои хӯроки чорво истифода кардан мумкин аст, аммо мардуми мо онро ҳар рӯз истеъмол мекунанд. Ба паст будани сифати маҳсулот кӣ гунаҳкор? Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамаи савдогарони бозорнишин паст будани сифати озуқавориро «айб-»и худашон намегӯянд ва дар ин маврид тоҷирони калон ва ё корхонаҳои истеҳсолкунандаи чунин маҳсулотро гунаҳкор медонанд. - Айби мо нест, мо низ онро аз бозори «Фаровон», ки бештари маҳсулоти қаннодӣ аз ҳамон ҷо ба фурӯш мебароянд (ба лаҳни фурӯшандаҳо «оптом») мехарем,- мегӯянд савдогарон. Аз як ҷиҳат бигирем, ин гуфтаи онҳо дуруст аст, вале тамоми дуоҳои хубу бад ва ҷангу ҷидоли харидорон маҳз бар сари ҳамин савдогароне, ки бозорнишин ҳастанд, рехта мешавад. Зеро воситаи асосии ба фурӯш баромадани чунин маҳсулот онҳо ҳастанд, яъне муштариён аз дасти онҳо харидорӣ мекунанд. Агар онҳо шикояту эътирози истеъмолкунандагонро ба инобат гирифта арзашонро ба ҳамон шахс ва ё корхонае, ки чунин маҳсулоти пастсифатро ба истеъмол мебароранд, расонанд, шояд бори худашон ҳам сабуктар гардаду виҷдонашон софтар. Ҳуқуқи истеъмолкунандаро кӣ ҳимоя мекунад? Вале бештари истеъмолкунандагон маҷбур ҳастанд, ки чунин озуқавории, аслан ба стандарти ҷаҳонӣ як тараф истад, ба стандарти худи кишвар ҳам ҷавобгӯ нестанд бихаранд, зеро агар бихоҳанд моли баландсифаттареро ба даст оранд, маблағи зиёдтаре ба онҳо даркор мешавад. Онҳо ба хотири дастрас будани нарх маводи хӯрокаро ( ба монанди қанди сафед) харидорӣ менамоянд. Ин шахсон бехабар аз он ки ин қабил озуқаворӣ ба ҷои фойида ба саломатиашон зарари ҷиддие ворид хоҳад кард, ба унвони «арзон» будан онро бештар талабгор мешаванд. Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, корхонаҳо ва ё тоҷироне, ки мебинанд моли пастсифати истеҳсолкардаашон нисбат ба баландсифаташ бештар ба савдо мешавад, хурсандона ин «иқдом»-ро давом медиҳанд. Аммо худи тоҷирони калон ва ё раиси корхонаҳое, ки мутаассифона баъзеашон ба истеҳсоли маводи пастсифат даст мезананд, ба хусус маводи хӯрока, ки як бахши муҳимтарини ҳаёти инсонро дар бар мегирад, озуқаи истеҳсолкарда ва ба фурӯш баровардаро ба назди дастархонашон ҳатто раҳ ҳам намедиҳанд, чӣ расад ба он, ки истеъмол кунанд. Мутаассифона, дар мавриди чунин одамон гуфтаҳои бузургони сухан, «чизе ки ба худ написандӣ ба дигарон ҳам маписанд» баръакс мешавад, яъне чизе, ки ба худ написандӣ ба дигарон биписанд.. Қанди сафед танҳо як намунае аз теъдоди маҳсулоти пастсифате дар бозорҳои кишвар буд, ки мо дар ин ҷо овардем. Аммо, аз ин қабил маводҳои хӯрока дар бозору бозорчаҳо, ки касе ба хуб ва ё қобили истеъмол будани онҳо кафолат дода наметавонад, зиёд ҳастанд. Ин раванд ҳатман ба саломатии шаҳрвандон таъсири зиёд гузошта метавонад ва боиси мубталои бемориҳои гуногун шудани онҳо мегардаду ба он натиҷа оварда мерасонад, ки ҷомеа носолим рушд кунад. Вале, чунон ки аз мушоҳидаҳо маълум гардид, бештари шахсон танҳо пеш рафтани тиҷорати худро ба назар гирифта, чи шудан ва дар кадом ҳолат мондани истеъмолкунандагон барои онҳо аҳамияте надорад. Бигзор кисаи онҳо пури пул бошаду хонаводаи худашон сиҳату саломат. Чӣ парвое доранд аз мушкилоти дигарон. Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.