ХОМ4-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 371 нафар
Назарҳо: 0
Ҳар чизи нопухтаро хом гӯянд. Он метавонад мева бошад, метавонад гӯшт. Метавонад фикри хом бошад, ки онро «хаёли хом» мегӯянд. Шояд одами нокомиландешаест, ки ба истилоҳ «хом»-аш мегӯем. Ҷавононро низ ба иллати ҳанӯз таҷрибаи кору зиндагӣ надоштан «хом» мегӯянд. Ба онҳо умре пандомез: «Хомӣ накун» мегуфтанд, «пухтаҳо». Хомӣ ба маънои манфист, аммо инак хомҳо торафт серхаридортар мешаванд. Шояд дигар зарурати пухтан нест? Зеро бозор дигар ҳам хомпарварӣ дорад. Ҳосилеро барои пухта расидан намемонем, чаро? Бо куҷо ва чаро дар шитобем? Шитоб барои фиреби ҳамдигар ва дар маҷмӯъ ҷомеа?
Имсол аксари меваҳои бозорҳои мо хоманд. Ин анъана чанд солест кам-кам оғоз мешуд. Имсол ба авҷаш расид. Қаламфури булғории моли нимаи дуввуми тобистон ҳанӯз дар баҳор ба савдо гузошта шуд. Он ҳанӯз ба он дараҷае сабз буд, ки ҳатто бӯйи қаламфурро надошт. Харидему хӯрдем. Бодиринги навъҳои гуногун ҳам хеле бармаҳал фаровон шуд, аммо арзон нашуд. Харидем. Гелосу олуча каме ранг сурх карданду бо баҳои қиммате онҳоро саросема аз бозор харидем. Дар ҳоле, ки нав акнун бояд давраи ин меваҳо мерасиду дигар меваҷот навбат мепоиданд, инҳо қариб тамом шуданд. Ба майдони бозор зардолуи ҳанӯз зард нагашта баромад. Харидему хӯрдем, бе ҷанҷол. Бо қиматии бесобиқа. Шафтолуи бечора ҳанӯз як бари рӯяшро гулобӣ накарда аз тариқи бозор ба дастурхони мо рехт. Хӯрда натавонистем. 4-5 рӯз мунтазир шудем, мулоим шуд, хӯрдем. Каҳ мазза дошту шафтолу не. Хӯрдем, охир пуламон сӯхта буд. Ҳандала ба ширинӣ кайҳост, ки намерасад. Он бо мазза қаҳрӣ ва бо ширинӣ душман шудааст. Мехӯрем. Тарбуз аз кимиёи зиёд камрангу сафеду дарунаш бо донаҳояш шоҳиди заҳрогинияш ҳаст. Мехӯрем. Донаки шафтолуву зардолуи хӯрдаамонро мебинем, ки сап сафед аст. Бечора ҳанӯз сахт хом аст. Шафтолуи «луччак», ки табитан ранги сурх дорад, он қадар хом аст, ки дарунаш сабз асту ҳанӯз шира надорад, вале онро аз дарахт кандаву ба мо мефурушанд. Хомӯшем. Худро таскин медиҳем, ки имсол пурофат шуд. Меваҳо мазза надоранд. Вале ин офат танҳо имсол набуд. Ин офат чандин сол аст, ки имону виҷдони моро задааст. Нуқсдор кардааст. Ҳатто нобуд кардааст. Зеро мо бозорӣ шудаем. Нарх ба виҷдон кор надорад. Мо ба касе кор надорем. Мо харидорем. Мо хӯрандаем. Шояд бесоҳибем ки ҳар чӣ диҳанд, бояд бихӯрем? Охир «ҳандалаи каҷак»-ро замони пеш ба талбандаҳо медоданд. Меваи хоми бодрезаку пӯсидаро ба ҳайвон. Аммо имрӯзҳо чунинҳоро дар бозор ба мо мефурӯшанд. Мо ин ҳамаро мехарем. Пас… Ин ҳама хомсавдоиҳову хомфурӯшиҳову хомхариҳои мо дар ин моҳи «хайру сахо» (нохунакаш танҳо барои мост) гӯиё як навъ бозӣ кардан бо эҳсоси рӯзадорон, аниқтараш наҳвае аз таҷовузи эҳсоси одамон аст. Ҳар ҷаллоби бозорие, ки мехоҳад дар ин моҳ аз ҳисоби рӯзадороне, ки замони зарид даҳон аз хӯрдан бастаанд, зудтар бой шавад, хому пӯсидаву кирмзада мефурӯшад. Ба хотири таҳрик додани нафси шахси рӯзадор, ки ҳини гушнагӣ ба хомиву нуқси маводи харидоришавандааш аслан таваҷҷӯҳ намекунад, ин амали ғайримусулмониро мекунад. Бе хиҷолат. Бе азоби виҷдон. Бе ҷунбидани имон. Бо раҳнамоии шайтон ва ҳирс. Бо бепардагии рӯй ва бозӣ ба эътиқодоти одамон. Бе тарс аз Худо, аз қонун, аз ҳама ва ҳар чиву ҳар кӣ. Хомро пухта гуфта мефиребад моро, ки ба фирефта шудан одат дорем? Дар ҷомеаҳои фарҳангӣ тавсия медиҳанд, ки шахси гурусна бояд маводи хӯрока харидорӣ накунад, зеро дар ин ҳол эҳсос ҳатман фиребаш медиҳад. Ана бо ҳамин ҳолати оҷизии муваққатии мардум дар бозори мо задаи мантиқӣ мегузоранд. Хомамон мешуморанд, шояд воқеан хомем, ки ҳар хомеро қабул дорем? Чаро ҳаққи талаби маводи босифатро намекунем? Як қисматамон намедонем, ки чунин ҳуқуқ дорем. Як қисматамон пули калон дорему бо ин майда –чӯйдаҳо сарамонро гаранг намекунем. Баъзеҳомон медонем, ки барои низоми ин корҳо ниҳодҳои маошхӯр дорем. Аммо зӯрамон на ба савдогари бозор мерасаду на ба бемасъулиятони соҳибмақом. Хом мехӯрем. Хатала мехӯрем. Ҳаққамонро мезананд, хомӯшона… мехарему мехӯрем. Медонем, ки на зардолу, на шафтолу, на тарбузу харбуза баъди канда шудан аз дарахту буттааш, дигар намепазад. Чунки онҳо банан нестанд. Мехарем. Бо маоши хеле ночизу меҳнатии ҳалоламон кисаи савдогари бозор ва «криша»- ҳову манфиатдоронро бойю бойтар мекунем ва худ қашшоқу қашшоқтар мешавем. Бемор мешавем. Зеро хом витамин надорад. Хом мазза надорад. Хом барои ҷисми мо маводи заруриро намедиҳад. Чунки надорад, ҳанӯз. Он моддаҳои зарурӣ дар мева ҳанӯз пайдо нагаштааст, нарасидааст. Полезиҳои бо химикатҳо базӯрпаз, вуҷуди моро заҳролуд мекунанд. Боз дору мехӯрем барои сиҳат шудан. Ин ҳам боз ба маводи кимиёвии моро касалкарда маводи кимиёвии дигар зам кардан аст. Духтурону дорухонадорон бекор намемонанду бойтар меаванд. Хом азбаски хеле тару тоза аст, намуди зоҳирӣ дорад, фиребост. Шояд барои зебоии растаҳои бозор ҳамин кифоя аст? Ранги мо заъфаронисту ранги харбуза сабзтар аз умри мо. Мехарему мехӯрему мемурем. Касеро парво нест. Мо худамон гунаҳгорем, ки мехарему мехӯрем. Касе моро маҷбур накардааст. Гуфтанд, ки хом хӯрдан даркор, мехӯрем. Намепурсем, ки: «Кӣ гуфт?», «Барои чӣ гуфт?», «Дар кадом ҳолат ё кайфият гуфт?», «Ба кадом хотир гуфт?», «Ин хом хӯрдани мо ба манфиати кист?», «Кӣ дар ивази хому хатала бурд мекунад?», «Кӣ бой мешавад?», «Ё худро роҳат ҳис мекунад?», «Чӣ оқибате барои мо дорад, ин хомхӯриҳо?», «Боз накушанд моро ин хомҳо?»… намепурсем. Моро чи хомхӯр кардааст? Хомии худамон. Зеро метарсем аз талаби ҳаққи ҳалол ва ҳуқуқҳои инсониямон. Як савдогари беобрӯи бозор, ки бо як шаттоҳии хоси бозорӣ метавонад дар як дам обрӯямонро бирезонад. Чунон ба овози баланд дод бигӯяд, ки боз вай ҳақу ту ноҳақ ҳам мебароӣ. Зеро талаби ҳақ, ки дар суннатамон фарз аст, барои ин бозориён арзише надорад. Талаби ҳуқуқ, ки давлат бароямон тибқи қонунҳояш додааст, низ ин ҷо корагар нест. Нахоҳӣ нахар, мегӯяндат. Вале чӣ бояд бихоҳӣ? Моли хуб? Пас бояд ба растаҳои қимати бозор биравӣ ё ба гиперу супермаркетҳо, ки кисаи барои маошхӯрон нестанд. Пас, сабурона хом бихӯр, ки соли дигар хомтарон бозоргиртар мешаванд. Зеро онҳое, ки бояд нозири бозор бошанд, боре хом нахаридаанд. Хом нахӯрдаанд. Умуман нахаридаанд? Танҳо хӯрдаанд. Онҳо худ «пухтаанд». Хуб медонанд, ки баъди чанд соле мо таъми пухтаро фаромӯш мекунем. Ҳатто хомро чун зарурат қабул мекунем. Дар бозорҳои мо чунин ба назар мерасад, ки ҳеҷ гоҳе комиссияе ҳолати санитарии нигаҳдошти маводи хӯрокаро назорат намекунад. Дар кӯчаҳои шаҳр майдасавдогарон дар норавотарин шароит хӯрокӣ мефурӯшанд. Онҳое, ки пухтаанд, аз ин ҷойҳо намехаранд. Вале на ҳам пухтаанд, охир! Савдогарони бозорҳои «овозӣ» бо доду фарёд гӯши сокинони баландошёнаҳоро кар мекунанду дар як ароба помидору картошкаву зардолуву сабзиро паҳлӯи ҳам мефурӯшанд. Мехаранд мардум. Чунки дар пешаки хонааш омадааст. Шояд каме арзон ҳам бошад? Шояд деҳқоне меваҳои боғи худашро овардааст? Шояд меваи пухтаву ширине овардаанд? Умедворона медаванд, мардум. Ҳай соддаҳое, деҳқонро дар лаби дӯкони савдо чанд сол аст, ки раҳ намедиҳанд. Солҳо ба чунин шева мегузараду мо ҳанӯз хомем. Бовар мекунем. Ҳолати ғайрисанитарии чунин савдоро Худо худаш нигаҳ дорад. Хайр ба кӣ дигар такя кунем? Оҷонсиҳову раёсатҳову шуъбаҳову ва ғайраҳои антимонополӣ? Санэпидемкимчиҳо? Эҳҳа, ҳоло ҳам аз ҳамон рӯҳияи шӯравӣ намебаромадед-дааа! Хомед шумо ҳам чӣ? Онҳое, ки боре «хомӣ накардаанд», магар медонанд, ки хом чист? Аз рӯйи виҷдон қойил шавед, ки ҳамин сол ягон бор зардолу, шафтолу, гелос, харбуза, тарбуз ё ягон меваи дигари ширин хӯрдаед? Не? Соли дигар ҳам намехуред. Солҳои баъдӣ дар шаби хобатон ҳам намебинед. Дигар замони пухтагиҳо гузашт. Давр даври хомҳо шуд. Бозорҳо гарм. Нарх қиммат. Мехарем! Мехӯрему намехӯрем, муҳим нест. Муҳим он аст, ки бозор гарм бошад Муҳим нест, ки онҳо мазза ва фоида надоранд. Муҳим нест, ки онҳо бо ҷисми мо чӣ мекунанд. Муҳим он аст, ки бояд бихарем. Ба ҳар қимати миёншикан ҳам мехарем, зеро дигар дар бозор танҳо хом мефурӯшанд, чунки хом… мехаранд. Оташин лаъле, ки тоҷи хусравонро зевар аст, Ахгаре баҳри хаёли хом пухтан бар сар аст. Шояд мо ҳам бо хаёли хоми хеш ҳаваси пухта кардаем? Ҳуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.