Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Фотима Гадоева, варзишгардухтари тоҷик аз Аморати Муттаҳидаи Араб бо медали тилло баргашт

Фотима Гадоева, варзишгардухтари тоҷик аз Аморати Муттаҳидаи Араб бо медали тилло баргашт

2-05-2017, 09:59
Хабарро хонданд: 146 нафар
Назарҳо: 0
Фотима Гадоева, варзишгардухтари тоҷик аз Аморати Муттаҳидаи Араб бо медали тилло баргашт

ДУШАНБЕ, 01.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Фотима Гадоева, хонандаи Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Бўстони вилояти Суғд дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу ҷитсӣ, ки аз 16 то 23 апрел дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, ширкат намуда, чемпиони ҷаҳон гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар мусобиқа 3 нафар ҷавонон- Абдураҳмон Раҳимов, Мирзомуҳаммад Бобокалонов ва Шероз Ахмедов низ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.
Дар семоҳаи аввали соли равон 143 нафар варзишгарони вилояти Суғд (31 нафараш бонувон) дар 11 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 253 нафар варзишгарон (52 нафараш бонувон) дар 6 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: