Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » АТЛАС БА БАРИ ДИЛБАРИ ТОҶИК АҶАБ АСТ…

АТЛАС БА БАРИ ДИЛБАРИ ТОҶИК АҶАБ АСТ…

10-04-2017, 08:45
Хабарро хонданд: 395 нафар
Назарҳо: 0
АТЛАС БА БАРИ ДИЛБАРИ ТОҶИК АҶАБ АСТ…
Дар ҳар давру замон масъалаҳои мубрам ва муҳиме, ки ҳамагонро ба ташвиш меораду ба зудӣ роҳи ҳаллашро намеёбад, зиёд аст. Баъзе аз он ба сатҳи баланди ноқулай, ки хатари барбод додани арзишҳои азизтарини миллату давлат, ки миллати он садсолаҳо ҳастӣ ва ҳуввияти онро ҳифз намудааст, дошта бошад. Имрӯзҳо, ки мардуми тоҷик дар шароити рушд ва ташаккули ҷомеаи башарӣ, вусъат ёфтани фарҳангу тамаддуни халқиятҳо, ҷаҳонишавии арзишҳо ва бархӯрди тамаддуну фарҳанги байни халқҳо қарор дорад. Ин падида метавонад омили зуҳури масъалаҳои муҳиме гардад, ки ҳар ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш меорад. Албатта, пеши роҳи ҳама гуна падидаҳои нави ҷаҳониро гирифтан ва онро ба низоми муайян даровардан мушкил аст, зеро як чизи нав, ки миёна ҷомеа пайдо шуд, зуд характери оммавӣ мегирад.
Дар эъломияи ҳуқуқи башар ва қонуни кишвар ҳуқуқ ва озодиҳои шахс эътироф ва татбиқ гардидааст. Ҳамин аст, ки ҳар ки моҳияти зиндагии худро мустақилона муайян менамояд ва бо раводиду салоҳдиди худ амал мекунад.
Масъалаи мубраме, ки имрӯз ҷомеаи шаҳрвандии моро ба ташвиш андохтааст, тарзи либоспӯшии шахсоне мебошад, ки побанди муду навгониҳои ҷаҳони ғарб ва анъанаҳои бегона шуда, арзишҳои миллии моро, ки дар тӯли чанд ҳазор сол фарзандони фарзонааш ҳифз намудаанду то ба имрӯз расонидаанд, ба гӯшаи фаромӯшӣ бурдаанд. Мутаассифона, ин тарзи интихоби либос ба расму оини миллати куҳанбунёди мо, ки бо атласу чакану адраси худ машҳури дунё гаштааст, ҳеҷ созгор нест.
Тарғибу ташвиқкунандаи асосии фарҳанги халқиятҳои гуногун, ки зиёдтар баҳри вусъат додани навгониҳои олами ғарб ва бегонапарастӣ нақши бориз доранд, ҷавонон мебошанд. Дар баробари онҳо шахсони дигаре ҳастанд, ки баҳри тарғибу ташвиқ онҳоро дастгириву раҳнамоӣ менамоянд.
Ҳикмати халқ мегӯяд, ки «Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз». Дар воқеъ, бо замона созгор бояд буд, вале аз тамаддуну фарҳанги худ намебояд даст кашиду ба ҷойи он ба дигаре гаравид.
Баъзеҳо мегӯянд, ки «мо фақат гузашта мегӯем, дар гузашта гузаштагони мо ҳар гуна тарзу усули гуногуни либоспӯшӣ ва дигар анъанаву оинҳо доштанд, ки пайравӣ кардан ба онҳо дар ин замона ҳеҷ мувофиқ нест. Мо озод ҳастем, ҳарчи ки хоҳем, ба бар мекунем, ба он пайравӣ менамоем, мо озод ҳастем ба мо чӣ кор доранд» гуфта, муносибати дағал менамоянд. Вале ин муносибати дағал ба коста гардидани ҳуввияту фарҳангу тамаддуни миллати мо мегардад. Мо низ либоси хубу зебои миллӣ дорем, ки метавон бо он ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузошт ва мешавад, ки онҳоро ба замона мувофиқ кунем, ба муду навгониҳои дигар онҳоро зиннат диҳем. Мо бояд пайваста талош намоем, ки фарҳангу тамаддуни худро ба ҷаҳониён тарғиб намуда, дар тани духтари турку аврупоӣ либоси миллии худро бинем, чӣ тавре ки имрӯз либосҳои онҳоро мо ба бар мекунем.
Майл ба бегонапарастӣ зиёдтар дар духтарону занон мушоҳида мешавад, ки онҳо худро шабеҳ ба турку аврупоӣ ва эрону афғон сохта, аз рӯйи тарзи либоспӯшиву рафтор ва ороишу нақшу нигор худро мансуби онҳо менамоянд. Агар як идда занону духтарони тоҷик либосҳои миллии худ арҷ гузоранд, гурӯҳи дигар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, тӯю маъракаву шабнишиниҳо аз пӯшидани он шарм медоранд, баъзеи дигар нанг медонанд ва бисёртар ҳамон либосҳоеро ба бар мекунанд, ки нимурён бошад, то касеро ба худ мафтун бигардонанд ва бо ин ифтихор ҳам мекунанд. Албатта, ин ҳамааш тақлид ба бегонагон аст. Магар модари тоҷик чунин буд? Магар зани тоҷик либоси урён мепӯшид? Магар баҳри мафтун сохтани дигарон талош мекард? Куҷо шуд асолати миллӣ? Куҷо шуд нанги тоҷикӣ? Куҷо шуд шаъну этибор, шарму ҳаёи тоҷикӣ? Магар ҳамааш ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт?
Модарону хоҳарони азиз! Мақсади мо таҳқиру маломати шумо нест. Мо шуморо эҳтиром мекунем ва назди бузургии зан-модар сари таъзим фурӯд меорем, вале дигар хомӯш буда наметавонем, зеро шумо худ шоҳиди онед, ки шаъну эътибори миллати моро баъзеҳо ба чи ҳад расонидаанд. Мо муқобили либоси аврупоиву туркӣ пӯшидани шумо нестем, аммо дар доираи шарму ҳаёи тоҷикона интихоб кардани онро созгор меҳисобем. Маҳз ҳамин шарму ҳаёи тоҷикона занону духтарони моро миёни халқиятҳои дигар муаррифӣ менамояд.
Доир ба ин масъала назари ҷомеа, коршиносон ва онҳоеро, ки ин мавзӯъҳоро пайгирӣ менамоянд, мавриди баррасӣ қарор додем. Табиист, ки нуқтаи назарҳо гуногун буда, ҳар кас омили пайдоиш ва пешгирии онро ба таври мухталиф шарҳ медиҳад.
Масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла либоси суннатии миллӣ дар шароити раванди иҷтимоишавӣ торафт аҳамияти махсусро соҳиб мешавад. Торафт занону духтарони мо ба пӯшидани либосҳои ғайримиллӣ таваҷҷуҳ менамоянд. Ин вазъият давлат ва мақомоти дахлдорро водор менамояд, ки барои ҳифзи арзишҳои миллӣ новобаста ба талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.
Аксари занону духтарони мо на аз рӯйи эътиқоди динӣ (ҳол он ки аксарияти кулл маълумоти динӣ надоранд) ва ё озодандешӣ, балки аз рӯйи тақлидкорӣ, мазҳабӣ нишон додани худ ва бо ин восита ба боварии дигарон даромадан, худнамоишдиҳӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи атрофиён ба пӯшидани либосҳои ғайримиллӣ (хусусан ба ҳиҷоб ё либоси аврупоӣ) майл менамоянд.
Ба пӯшидани либоси ғайримиллӣ занону духтаронро, асосан, хешовандон ва ё волидонашон водор намекунанд (кунанд ҳам, ин гуна водоркунӣ хеле кам аст), онҳо бошанд дар зери таъсири муҳити иҷтимоӣ, махсусан, ҳамсолон ба ин амал даст мезананд.
Аҳли ҷомеа дахолати давлатро ба либоспӯшии занону духтарон амали саривақтӣ ва барои нигоҳдошти либоси миллии тоҷикӣ зарурӣ арзёбӣ менамоянд. Ба ақидаи онҳо, давлат дар мавриди зарурат (асосан барои ҳифзи маданияти миллӣ) ба либоси ғайримиллӣ пӯшидани занону духтарон ҳаққи дахолат кардан дорад.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки як сабаби рӯ овардани занону духтарон ба либосҳои ғайримиллӣ бетафовутӣ ва бепарвоии калонсолони оила ва маҳалла мебошад. Ягон мақомоти маҳаллӣ ба либоспӯшии занону духтарон (махсусан дар маҳаллаҳои шаҳрӣ) аҳамият намедиҳад.
Баъзе аз занону духтарони мо ба либосҳои ғайримиллӣ майл кунанд ҳам, дар маҷмӯъ дар шаҳру деҳот таваҷҷуҳу эҳтиром нисбат ба либоси миллӣ хеле зиёд аст. Онҳо пурра дарк мекунанд, ки ҳиҷоб ва либоси аврупоӣ либоси миллии мо нест.
Агар таъсири муҳит набошаду дар интихоби либос пурра озод бошанд, аксари занону духтарони мо ботинан хоҳиши пӯшидани либоси миллии суннатиро доранд, аммо барои аз замона қафо намондан ба либоси аврупоӣ ва баланд бардоштани мақоми худ ба ҳиҷоб ва ба дигар либоси ғайримиллӣ рӯ меоранд.
Коршинос Миров Фирӯз қайд кард, ки “Чӣ қадаре ки сатҳи таҳсилоти занону духтарон паст бошад, ҳамон қадар ба либоси ҳиҷоб рӯ меоранд ва баробари болоравии сатҳи таҳсилот майл ба либоси замонавию аврупоӣ меафзояд ва дар ҳар ду ҳолат таъсири худро ба косташавии либоси миллӣ мерасонад”.
Мушоҳидаҳо ва нуқтаи назари коршиносон дод, ки пӯшидани либос ба устувории оила ва робитаҳои байни ҳамсарону дигар аъзоёни оила таъсири калон мерасонидааст. Махсусан, пӯшидани либоси миллӣ боварию эътимоди байниякдигарии зану шавҳар ва аъзоёни оиларо зиёд менамудааст.
Коршиносон ва таҳлилгарон барои пешгирӣ ва бартараф намудани ин масъала чунин пешниҳоду тавсияҳо намуданд:
Дар асоси тадқиқоти гузаронидашуда ва хулосаҳои баровардашуда барои таъсир расонидан ба либоспӯшии занону духтарон ва коҳиш додани таваҷҷуҳи онҳо ба либоси ғайримиллӣ чунин пешниҳоду тавсияҳои худро пешкаши мақомоти дахлдори давлатӣ ва шахсони алоҳидаи масъул менамоем:
- тарғиби ҳамаҷонибаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла либоси миллии суннатӣ тавассути фаъол гардонидани кормандони масъули давлатӣ, калонсолон ва шахсони обруманди маҳаллаҳо (махсусан, зиёиён) ва васоити ахбори омма;
- бо роҳи ошкор намудани аъмоли зишти шахсоне, ки либоси ғайримиллӣ мепӯшанд, андешидани тадбирҳои дигар барои кам намудани таъсири муҳити иҷтимоӣ ба либоспӯшии занону духтарон;
- зиёд намудани таъсир ва назорати мақомоти давлатӣ ба либоспӯшии занону духтароне, ки дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо кору таҳсил мекунанд;
- ошкор кардан ва ҷазо додани афроде, ки ба тарғиби либоси ғайримиллӣ машғуланд;
- аз ҳисоби занони фаъоли мақомоти давлатӣ ташкили гурӯҳҳо ва комиссияҳои корӣ ва тавассути ташкили вохӯрию семинарҳо тарғиби арзишҳои миллӣ (пӯшидани либоси миллӣ) дар маҳаллаҳо, ҷамоату деҳаҳо, мактабу донишгоҳҳо;
- бастани марказҳои дилхушӣ ва аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ назорати ҷиддии занону духтароне, ки либоси аврупоии аз ҳад бараҳна пӯшида, ба ин восита ба атрофиён ҳамчун намунаи эҳтимолии тақлид баромад мекунанд;
- боз ҳам пурзӯр намудани назорат аз болои либоспӯшии донишҷӯдухтарон, зеро рӯзҳои охир он ҳам ба як расмият табдил ёфтааст;
- дар муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намудани дарсҳои тарбиявӣ ва дар нақшаи дарсҳои тарбиявӣ ворид намудани мавзӯъҳое, ки ба либоспӯшии занону духтарон робита доранд;
- бояд шахсони масъули корхонаю муассисаҳо ҳам ба пӯшидани ҳиҷоб ва ҳам либоси аврупоии занону духтарон баробар диққат диҳанд;
- ташкили озмунҳо барои дӯхтан ва пӯшидани беҳтарин либосҳои миллӣ (масалан, Маликаи соли Тоҷикистон);
- худи занони мансабдори тоҷик либоси миллӣ пӯшанд ва ин ҳатмӣ карда шавад, то ба ин восита барои дигар занону духтарони Тоҷикистон намунаи ибрат гарданд.

Ҳоло ҳамин хел ақида пайдо шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон танҳо ба ҳиҷоб ҷанг эълон намудааст, гӯё мансабдорони масъул фаҳшу беимониро тарғиб менамояд. Аз ин сабаб дар ҷое ки пӯшидани ҳиҷоб манъ аст, дар донишгоҳ, мактаб, муассисаю корхонаҳои давлатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, пас пӯшидани либоси аврупоӣ ҳам ба танзим дароварда шавад.
Имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намуда истодааст, ки тавассути санадҳои меъёрӣ либоспӯшии занону духтаронро ба танзим дарорад ва то дараҷае либоси миллии суннатиро ҳифз намояд. То зери назорат қарор гирифтани либоспӯшии занону духтарон дар муассисаҳои давлатӣ, қариб либоси миллии тоҷикӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Бештари донишҷӯдухтарон бо либоси аврупоӣ ё ҳиҷоб ба дарс меомаданд. Ҳатто дӯзандагони либоси тоҷикӣ қариб бекор монда буданд, ба истиснои гирифтани фармоиш барои дӯхтани либосҳои арӯсшавандагон барои тӯй. Шояд пас аз андешидани тадбирҳои ҷиддӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ боз дар тани донишҷӯдухтарон мо либоси миллии тоҷикиро бинем.
Имрӯз ҳастанд афроде, ки тадбири Ҳукумати Тоҷикистонро барои ҳифзи либоси миллӣ як гуна поймол намудани ҳуқуқҳои конститутсионии занону духтарон меҳисобанд. Аммо тадқиқот нишон медиҳад, ки ин фикри аксарият нест ва бештари пурсидашудагон дахолати давлатро ба либоспӯшии занону духтарон амали саривақтӣ ва барои нигоҳдошти либоси миллии тоҷикӣ зарур арзёбӣ менамоянд.
Фирдавси Абдураҳмон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: