Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти С. Фаттоҳзода бо сафири Амрико

Мулоқоти С. Фаттоҳзода бо сафири Амрико

7-03-2017, 16:03
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти С. Фаттоҳзода бо сафири АмрикоИмрӯз Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бону Елизабет Миллард мулоқот анҷом дод. Зимни суҳбат, ки дар фазои самимият сурат гирифт, Муовини якуми Раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода нахустдипломати амрикоиро бо фарорасии иди бонувон, қадами хуҷастаи баҳор ва 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ шодбош гуфт.
Сипас дар бораи таъриху заминаҳои ташаккули ҳизб, фаъолиятҳои густурда ва нақши фарогири он дар ҷомеаи Тоҷикистон, равобити ҳизб бо аҳзоби кишварҳои хориҷӣ ва ширкати густурдаи он дар интихоботҳои парлумонию президентии кишвар маълумот дод.
Мавсуф таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият зери сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарифи мамлакат аз буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ баромад. Бахусус пеши роҳи ҷанги бемаънии дохилӣ, ки асоси онро ду идеология-исломию коммунистӣ ташкил медод, гирифта шуда, гурезаҳои зиёд ба Ватан баргардонда шуданд.
Тоҷикистон дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакатро қабул карда, роҳи эъмори давлати дунявӣ, ҳуқуқӣ ва демократиро интихоб намуд. Ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлолият кишварҳои зиёде ба шумули Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҷумҳурии мо дар амри хайри сохтмони давлати демократӣ ва иҷтимоӣ кӯмаки хешро дареғ надоштанд.
Мо аз кишвари бузурги Амрико изҳори қаноатмандӣ мекунем, ки дар баробари мусоидат ба ислоҳоти демократии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими иқтисоди мо ёрии беғаразона расонданд. Махсусан дар бобати бо таҷҳизоти назоратӣ, нақлиёт ва техникаи дигар таъмин кардани неруҳои сарҳадии ҷумҳурии мо мадади хешро дареғ намедоранд.

Мулоқоти С. Фаттоҳзода бо сафири Амрико
Ҷониби Тоҷикистон аз он изҳори қаноатмандӣ мекунад, ки ҳамкориҳои бисёрсоҳаи мо сол то сол вусъати тоза пайдо карда истодаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо нақши фарогири худ дар мавриди рафъи оқибатҳои буҳрони сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Дар Тоҷикистон ҳизбу гурӯҳҳое низ буданд, ки меъёрҳои демократиро сарфи назар намуда, бо истифода аз роҳу василаҳои ғайриқонунӣ мехостанд, ки кишварро дубора гирифтори нокомӣ ва яъсу ноумедӣ гардонанд, боз хуни ноҳақ резонанд. Аз ҷумла, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо дастури хоҷаҳои хориҷии худ дар Тоҷикистон табаддулот карданӣ буданд.
Аммо мардуми хирадпешаи тоҷик пеши роҳи чунин қасду ният ва нобасомониҳоро гирифта, дар атрофи роҳбарияти дурандеши худ боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ гардиданд. Эътимоди мо бар он аст, ки мардуми Тоҷикистон бо пазируфтани меъёрҳои давлати ҳуқуқӣ, дунявӣ ва демократӣ Ватани азизро ободу зебо ва шукуфо мегардонад.
Сафири кабири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бону Елизабет Миллард ба Муовини якуми Раиси ҳизб С. Фаттоҳзода барои табрикот ва маълумоти муфассал дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, дар навбати худ Муовини якуми Раиси ҲХДТ ва дар симои ӯ аъзои ҳизбро ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 25-солагии роҳандозии робитаҳои дипломатии миёни Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико самимона шодбош гуфт.

Мулоқоти С. Фаттоҳзода бо сафири Амрико
Дипломати амрикоӣ афзуд, ки мақсади мо ҳам рушду таъмиқи меъёрҳои демократӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон барои равнақи минбаъдаи соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ барномаҳои мустақим дорем, ки ҷиҳати иҷрои онҳо тадбир меҷӯем.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: