Ҳамкориҳо вусъат меёбанд2-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти С. Фаттоҳзода бо сафири Қазоқистон Н. Сейтимов
Дар арафаи ҷашни мубораки Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимовро ба ҳузур пазируфт. Зимни дидору суҳбати самимӣ дипломати қазоқ Муовини аввали Раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода ва дар шахси ӯ тамоми аъзои ҳизб ва мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, таъкид дошт, ки муносибатҳои дуҷонибаи Қазоқистону Тоҷикистон дар соҳаҳои барои ҳарду кишвар муфид вусъат пайдо карда истодаанд. Қазоқистон баъди Русия кишвари дуюм мебошад, ки муҳоҷирони кории тоҷикро пазируфта, дар сатҳи сохторҳои марбута бо ҷойи кор таъмин менамояд. Ҷомеаи тоҷикон узвияти Конгресси халқҳои Қазоқистонро касб намудааст. Олимону ҳунармандони тоҷик барои рушди илму санъати қазоқ саҳм мегузоранд. Шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик тибқи квотаҳои ҳукуматӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Қазоқистон ба омӯзиши илму дониш ва касбу ихтисос машғуланд. Мо ният дорем, ки дар оянда толибилмони тоҷик дар ҳунару ихтисосҳои барои Тоҷикистон зарурӣ чун табибону муҳандисон, ҳуқуқшиносону маъданшиносон дар донишгоҳҳои Қазоқистон афзоиш ёбад. Ҳамчунин мақсад ҳаст, ки ду хатсайри навро аз Таласу Чимкент ба Хуҷанди Тоҷикистон роҳандозӣ намоем. Дар бобати рушди муносибатҳои фарҳангӣ низ нақшаҳои хуберо рӯи даст дорем. Дар остонаи ҷашни мубораки 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон консерти дастаҳои ҳунарии қазоқро ташкил мекунем. Воқеан ҳам барои равнақи минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷабҳа миёни Тоҷикистону Қазоқистон мо ягон монеаро намебинем, афзуд сафири қазоқ Н. Сейтимов. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода дипломати қазоқро хайрамақдам гуфта, барои табрикот изҳори сипос намуд. Мавсуф дар бораи равнақи иқтисоди кишвари ба мо дӯст сухан ронда, зикр намуд, ки Қазоқистон тавонистааст, ки аз захираҳои табиии хеш ба таври самаранок истифода барад ва бо мурур сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорад. Баъдан ӯ дар бораи фаъолияти фарогири ташкилотҳои ҲХДТ маълумоти мухтасар ироа дошта, тазаккур дод, ки бо шарофати талошҳои зиёди Пешвои миллати мо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти муҳтарами Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳамкориҳои миёни ҳарду кишвар вусъат пайдо карда истодааст. Дар байни аҳзоби Халқии Демократии Тоҷикистон ва «Нур Отан»-и Қазоқистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки он барои рушди муносибатҳо такони ҷиддӣ бахшидааст. Табодули ҳайатҳои намояндагии ҳизбҳо сурат гирифта истодаанд. Аммо мо мехоҳем, ки ин робитаҳо боз ҳам муассир гардонда шаванд. Суҳбат дар фазои самимият гузашт. Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.