Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Истиқболи хуш дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

Истиқболи хуш дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

16-09-2015, 05:00
Хабарро хонданд: 598 нафар
Назарҳо: 0
Истиқболи хуш дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири ХусравДар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо иштироки устодон ва донишҷӯён вохӯрӣ бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Тағоймурод баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ узви КИМ ҲХДТ С.Қосимова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Т.Наҷидуллоев, ректори ДДҚ ба номи Н.Хусрав М.Шодиён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкурро М.Шодиён кушода, суханро ба вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа №26 А.Тағоймурод доданд. Номбурда дар суханронии худ ҳозиринро аз фаъолияти худ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар шаш моҳ шинос намуда, дар идомаи суханронӣ мухтасар дар бораи бурду бохти соҳаи маориф, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ба камол расонидани ҷавонони лаёқатманд, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ ва иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия истода гузаштанд.
Баъд аз он профессор Х.Абдулназаров, дотсент Ҷ.Собиров ба сухан баромада, аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, аз номи устодон ва донишҷӯён миннатдории худро ба роҳбари давлат иброз намуданд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: