Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тоҷикему шукри истиқлолу ваҳдат мекунем, Шукри сарвар, шукри ин мулки гулафшон мекунем.

Тоҷикему шукри истиқлолу ваҳдат мекунем, Шукри сарвар, шукри ин мулки гулафшон мекунем.

3-03-2017, 12:47
Хабарро хонданд: 167 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикему шукри истиқлолу ваҳдат мекунем, Шукри сарвар, шукри ин мулки гулафшон мекунем.Дар заминаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил кардани баҳс бобати баланд бардоштани сатҳи дониш, дараҷаи ҷаҳонбинӣ, хештаншиносӣ, ҳисси ватандӯстӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан » - и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар хобгоҳи № 3 –и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҷавонон вохӯри баргузор намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан шахсест, ки таҳти роҳбарияш давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон аз нигоҳи назариявӣ ва илмӣ амалан бунёд шуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойи худро гирифт. Ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик барои истиқлолият ва озодӣ буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст. – қайд намуд аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» - и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд М.Сангинов.
Санаи 1 марти соли равон тибқи нақшаи кории ТҶҶ «Созандагони Ватан» -и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва Шӯрои духтарони донишгоҳ омӯзиши асарҳо ва китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то имрӯз ба нашр баромада гузаронида шуд.

Тоҷикему шукри истиқлолу ваҳдат мекунем, Шукри сарвар, шукри ин мулки гулафшон мекунем.
Дар ин омӯзиши асарҳо ва китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯдухтарон фаъолона иштирок намуда, арзу сипосгузорӣ, шукргузории худро баён намуданд: дар чунин диёри биҳиштосо умр ба сар мебарему соҳиби илму дониш гардида, дар зери ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷавонони солиму ояндасози миллат ба камол расида истодаем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: