Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ташаббуси нек идома дорад

Ташаббуси нек идома дорад

14-02-2017, 09:36
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Ташаббуси нек идома дорадБахши муҳими фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро корҳои башардӯстона ташкил медиҳад. Дар миқёси вилоят танҳо дар моҳи шарифи Рамазон 12 ҳазор нафар ниёзмандон, тарбиятгирандагони хонаи кӯдакон, бошандагони хонаи пиронсолон ва сарбозони қисмҳои низомӣ мавриди сарпарастӣ қарор гирифта, аз тарафи ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба шахсони яккаву танҳо ёрии иҷтимоӣ расонида шуд. Умуман, соли 2016 аёдати 21 163 нафар аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, 125 нафар кӯдакон хатнатӯй карда шуданд. Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ аз 1 август то 1 сентябри соли 2016 иқдоми хайриявиро таҳти унвони роҳандозӣ намуд. Дар доираи Аксияи «Нури маърифат», ки моҳи августи соли 2016 гузаронида шуд, аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ бо ҷалби аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ 1248 нафар аз оилаҳои камбизоат, ятимон, бепарасторон ва махсусан кӯдакони дорои маълулият бо либос ва дигар лавозимоти мактабӣ таъмин карда шуданд. Кумиҷроияи вилоятӣ тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо аъзоёни фаъоли ҳизб чунин амалҳои хайру эҳсонкориро ҳарчӣ бештар намуда, ҷонибдоронашро ба амалҳои нек ҳидоят намояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: