Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ЧАРОҒИ МЕҲР

10-02-2017, 09:28
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
ЧАРОҒИ МЕҲР


Тоҷикистони азиз дар замони бархӯрди тамаддунҳо, дар арсаи олам мавқеъ ва манзалати худро устувор менамояд, ки бори ин ҳимматро фарзандони фарзонааш ба дӯш доранд. Пойдории сулҳу ваҳдат, рушди босуботи ҳамаи соҳаи ҳаёт бо эҳсосу рафтори ҷавонон иртиботи кавӣ дорад. Ин раванд натиҷаи соҳибистиқлоливу озодӣ буда, боиси ифтихори ҳар як ҷавони кишвар аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаи ҷавонон, бахусус, дар самти тадрис, касбу ҳунаромӯзӣ ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ, аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Чунин ғамхорӣ дар зеҳну дили ҷавонон эҳсоси худшиносиву худогоҳиро ба маротиб тақвият бахшида, водор менамояд барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Эҳсоси ватанпарастиву хештаншиносӣ аз арҷгузорӣ нисбат ба обу хоки кишвар ибтидо мегирад. Ҳар яки моро зарур аст, ки дар ин самт саҳми муносибу бедареғ гузорем.
Пешвои миллат доимо таъқид менамоянд, ки «Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарму ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд»
Ин меҳрномаи саршор аз орзуву боварӣ, ҷавононро водор менамояд, то бо зиракии сиёсиву фарҳангӣ дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амну субот, пояндагии муқаддасоти миллӣ ва нигоҳ доштани арзишҳои маънавии миллати худ саҳм гузоранд.

Шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур тасмим гирифт, ки бахшида ба эълони «Соли ҷавонон» семинару вохӯрӣ ва чорабиниву озмунҳои гуногунро дар маҳаллаҳову қисмҳои ҳарбии дар ноҳия ҷойгиршуда, баргузор кунад.
Ҳадафи баргузории ин озмун ва чорабиниҳо арҷ гузоштан ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносиву ватанпарастии ҷавонон ва дар ин замина ба таври равшан ифода намудани мақсаду мароми созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ мебошад.
Месазад, ки ҳар яки мо дар ин сол собит намоем, ки ҷавонон, воқеан нерӯи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.

Бозорова Гулбону
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи
КИ ХХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: