Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Натиҷагирӣ аз фаъолият

Натиҷагирӣ аз фаъолият

8-02-2017, 16:08
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Имрӯз ҷаласаи ҷамъбастии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ҷаласа намоянда аз Кумитаи марказии ҲХДТ, кормандони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ, аъзои раёсат, раисони кумиҷроияҳо, ва вакилони халқ иштирок доштанд. Сарфароз Фаттоҳзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маҷлисро оғоз намуд ва ҳамзамон аз рӯи рӯзномаи аввали маҷлис – «Ҳисоботи фаъолияти КИВ ҲХДТ дар соли 2016» маърӯза кард. Сарфароз Фаттоҳзода таъкид намуд, обрӯву нуфузи ҲХДТ дар ҷомеа хеле баланд гардида, бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон он ҳамчун ҳизби пешоҳанг боварии мардумро сазовор шудааст. Ин аст, ки шумораи аъзои ҳизб сол аз сол афзоиш меёбад. Агар ба санаи 1 январи соли 2016 теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ 1152 адад бошад, мувофиқи санаи 1 январи соли 2016 теъдоди онҳо 51 адад зиёд шуда, ба 1203 адад расид. Шумораи аъзои ҳизб 1 январи соли 2016 102 255 нафарро ташкил медод, соли 2016 бошад сафи ҳизбиёни вилоят 119643 нафарро ташкил дод. Ба гуфтаи Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ин самт ба сифатнокии қабули аъзо эътибори ҷиддӣ дода шуд. Бо мақсади таблиғи Паёми Пешвои миллат давоми соли 2016 зиёда аз 300 вохӯриву мулоқотҳо бо фарогирии зиёда аз 70 000 нафар ташкил гаштааст. Дар доираи маъракаи сиёсӣ – Раъйпурсии умумихалқӣ бошад, 223 семинару машваратҳоро кумиҷроияи вилоятӣ ба роҳ монд. Ба ғайр аз ин, давоми сол яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбиро ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба идҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ ташкил дод. Ба гуфтаи Сарфароз Фаттоҳзода яке аз иқдомҳои наҷибе, ки соли ҷорӣ рӯи кор омад, ин таъсиси ҷоизаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд буд. КИВ дар риштаҳои адабиёт, таърих, фарҳанг ва ҷурналистика Ҷоизаҳои худро эълон намуд. Ҷоизаҳо ба номи чаҳор олими варзида Абдулманнони Насриддин, Наимҷон Ҳакимов, Ҳасанбой Шарифов ва Сайдулло Абдуллоев таъсис ёфтаанд ва дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ба ғолибон супорида шуданд. Кумиҷроия дар идомаи амалисозии сиёсати иҷтимоӣ дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторонро дар маҳаки фаъолияти хеш қарор додааст. Соли равон аёдати 21163 нафар аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, соҳибкорон ба роҳ монда шуда, 99 нафар кӯдакон хатнатӯй карда шуданд. Айни замон дар назди кумиҷроияи вилоятӣ маҳфилҳои доимии “Набзи ҷавонон”, «Ахтарони Истиқлол», “Мактаби хушдоман» маркази “Ваҳдати оила” ва ғайра амал мекунанд, ки барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ғурури миллии ҷавонон ва пойдории оилаҳо нигаронида шудаанд. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои ҳизбӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб кумиҷроия ду барномаи радиоӣ “Набзи зиндагӣ” ва “Ташреҳ”-ро таҳия кард, ки онҳо ҳар ҳафта мунтазам тавассути радиои “Шаҳри ман” пахш шуданд. Дар қисмати музокиравӣ раиси шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарифов, аъзои фаъоли ҳизб Сабоҳат Бобоҷонова, Муҳиб Эрбоев, Киромиддин Мухторзода перомуни самтҳои гуногуни фаъолияти ҳизб сухан карданд. Абдураҳмон Хонов, Роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар баромади худ таъкид кард, ки кумиҷроияи вилояти Суғд бо ташаббусҳои наҷибу тоза ҳамеша пешсаф аст. Вай аз фаъолияти густурдаи ҳизбиёни вилоят изҳори қаноатмандӣ кард. Ӯ гуфт, ҳамкории серҷонибаи кумиҷроияи вилоят бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ боиси пайравӣ мебошад. Дар баробари ин, барои беҳбудии бештари фаъолият як зумра вазифаҳоро матраҳ намуд. Сулҳу субот дар маҳаки асосии Паёми солонаи Сарвари давлат қарор дошт, аз ин рӯ, Абдураҳмон Хонов таъкид дошт, ки дар меҳвари тарғибгарони ҳизбӣ ин арзиши олӣ бояд ҷой бигирад. Таваҷҷӯҳи бештар ба қишри ҷавонон, қабули сифатноки аъзо, фарогирии муҳоҷирон дар фаъолияти ташвиқотӣ ва таблиғи ҳарчӣ бештари арзишҳои маънавӣ аз мӯҳтавои суханронии Роҳбари дастгоҳи кумиҷроияи марказӣ буд. Зимни маҷлис нақшаи фаъолияти нимсолаи якуми соли 2017 тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин маъракаи “Обуна-2017” ва озмуни вилоятии “Беҳтаринташкилоти ибтидоӣ” ҷамъбаст гардид. Барои саривақт ва сифатнок иҷро намудани нақшаи обуна кумиҷроияи шаҳри Истаравшан “Шоҳҷоиза”-ро сазовор гардид. Ҳаминтариқ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи аввал, шаҳри Конибодом ҷойи дуюм ва шаҳри Гулистон ба гирифтани ҷойи сеюм шарафёб гаштанд. Қаблан, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд озмуни вилоятиро байни кумиҷроияҳо, шӯъбаи таблиғот ва иттилоот, шӯъбаи кор бо занон, намояндагиҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ва ташкилотҳои ибтидоӣ эълон намуда буд. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтарин дониста шуд ва парчами сайёрро соҳибӣ кард. Шӯъбаи таблиғот ва иттилооти шаҳри Хуҷанд бошад дар ин номгӯи озмун ғолиб омад. Аз шӯъбаҳои кор бо занони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳӣ, шӯъбаи кумиҷроияи шаҳри Панҷакент беҳтарин эътироф гашт. Ташкилоти беҳтарини ибтидоӣ, ташкилоти заводи кимиёи шаҳри Исфара дониста шуд. ТҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Мастчоҳ беҳтарин эътироф гардид. Ҳамаи ғолибон қадршиносӣ шуданд. Ба ғайр аз ин, кумиҷроияи вилоятӣ барои фаъолияти босамар аъзои фаъол Абдуҳаким Шарифов, Сабоҳат Бобоҷонова, Оқилбой Носиров, Фотима Носирова, Муҳибҷон Эрбобоев, кумиҷроияҳои ноҳияҳои Спитамен, Шаҳристон ва Деваштич бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадр шуданд. Ҳамчунин, се нафар аз ҳизбиёни вилоят – Сарфароз Фаттоҳзода, Раиси КИВ ҲХДТ, Анвар Ҷалилов – муовини Раиси КИВ ҲХДТ ва фаъоли ҳизб Бурсибой Лутфуллоев барои фаъолияти назаррасу ибратбахш ба унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб гаштанд. Унвонҳо ба соҳибонаш аз ҷониби намояндаи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов супорида шуд. Аз ҷониби кумиҷроияи вилоятӣ бошад, ба панҷ нафар – Рустам Очилов, Раҷаббой Ашӯров, Азимҷон Бобоҷонов, Матлуба Мухторова ва Абдураҳмон Хонов медали ҷашнии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: