Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём - моро ба ояндаи дурахшон ва корҳои созандагӣ ҳидоят мекунад

Паём - моро ба ояндаи дурахшон ва корҳои созандагӣ ҳидоят мекунад

6-02-2017, 14:59
Хабарро хонданд: 377 нафар
Назарҳо: 0
Паём - моро ба ояндаи дурахшон ва корҳои созандагӣ ҳидоят мекунадҲафтаи сипари гардида бо мақсади тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2016, дар ташкилотии ибтидоии «хадамоти нақлиёт»-и аҳли кормандони хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт зери мавзӯи «Паём - моро ба ояндаи дурахшон ва корҳои созандаги ҳидоят мекунад» соати сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни чорабини Нахтулло Назаров - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва аъзоёни раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок ва суханрони намуданд.
Саравал Хуршед Қурбонзода - сардори хадамот, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ чорабиниро бо шарҳу тавзеи нуктаҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла ёдовари намуд, ки чун Паёмҳои қабли Паёми имсолаи Сарвари давлат ба мақоми олии кишвар аз ҷониби тамоми сокинони кишвари азизамон мавриди дастгири ва истиқболи гарм қарор гирифт, чун ки Паём ин муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориљии мамлакат ва дар ин замина муайянкунандаи самтҳои муҳҳими хоҷагии халқи кишварамонро ифода месозад.
Аз рӯи мавзӯи чорабини «Паём - моро ба ояндаи дурахшон ва корҳои созандаги ҳидоят мекунад» - аъзои фаъоли ҳизб маъруза намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки он масъалаҳоеро Пешвои миллат матраҳ месозанд, ки дар воқеъ ифодагри дарди ҷомеаи имрӯзаи мост. Мавсуф ҳамчунин бо қаноатманди таъкид сохт, ки дар Паём Пешвои миллат диққати ҷиддиро ба пешрафти иқтисодиёти кишвар ва беҳтар намудани сатҳи зиндагонии мардум тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ ёдовари намуданд. Вобаста ба ин мавзуъ дар Паём қайд гардидааст, ки бо амалисозии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 дарсад афзуда, то 4 баробар зиёд гардид.
Наҳтулло Назаров – ҳамчунин зимни чорабини дар бораи пазируфта шудани ташаббуси нави башардӯстонаи Сарвари тоҷикони ҷаҳон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эъломи Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028 ва қабули он ҷониби кулли аъзои Созмони Милали Муттаҳид ибрози андешарони намуда, аз ҷумла афзуд, ки ин иқдом шаҳодати он аст, ки ҷаҳониён ба асолати башардўстӣ ва хиради азалии ин абармарди дунёи сиёсат ба чашми умеду эътимод менигаранд. Ва ин ташаббус бори дигар обрӯву эътибори Тоҷикистон ва миллати куҳанбунёди тоҷикро дар чашми ҷаҳониён, дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад. Ҳамчунин ӯ ёдовари намуд, ки ҳадафи асосии ин иқдоми неки Пешвои миллат ин пеш аз ҳама ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ҳифзи шариконаи муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳим вобаста ба он мебошад. Аз ҷумла ӯ таъкид намуд, ки моро мебояд аз ин иқдомҳои шоиста Пешвои миллат ифтихор намуда, баҳри амали намудани он пеш аз ҳама худамон аз хонадони хеш ба тоза нигоҳ доштан ва сарфакорона истифода бурдани об саъю талош намоем, чун ки кишвари мо дар саргаҳи оби тоза ҷойгир мебошад.
Инчунин дар фарҷоми чорабини дигар иштирокчиён ва аъзоёни фаъоли ҳизб оид ба масъалаи матраҳ гардидаи чорабини ба музокира баромада, андешаҳояшонро иброз намуданд.

А.Муминов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: