Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём – ҳидоятгари корҳои созанда

Паём – ҳидоятгари корҳои созанда

11-01-2017, 10:03
Хабарро хонданд: 316 нафар
Назарҳо: 0
Паём – ҳидоятгари корҳои созанда
Ноҳияи Сино: - Бо мақсади таблиғу ташвиқ ва шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкори бо Кумитаҳои иҷроияи ибтидои ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки бевоситаи олимону зиёиён, шурои собиқадору аъзоёни фаъоли ҳизб ва кормандони масъули Комиҷроияи ҳизбии ноҳия чорабиниҳои гунонгун миёни шаҳрвандон ва аъзоёни ҳизбии ноҳияи роҳандози карда шудааст.
Вобаста ба ин ҳафтаи сипари гардида таҳти унвони «Паём – ҳидоятгари корҳои созанда» дар ташкилоти ибтидои «Ависена»-и аҳли кормандони МД Пажуҳишгоҳи гастроэнтрологӣ соати сиёсӣ бо иштироки олимони соҳа ва аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Паём – ҳидоятгари корҳои созанда

Сараввал чорабиниро Саодат Азимова – Директори Марказ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо шарҳи нуктаҳо аз Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуд. Аз ҷумла мавсуф аз рӯи мавзӯъи чорабини «Паём – ҳидоятгари корҳои созанда» баромад намуда, аз ҷумла ёдовари намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат нисбат ба Паёмҳои пешин боз ҳам бештар пурмуҳтавою пурмазмун ва фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакат мебошад. Президенти ҷумҳурӣ, махсусан, ба масъалаҳои некуаҳволии мардум, устувории дӯстиву ваҳдат, рушди соҳаҳои маорифу илм ва тандурустӣ, мубориза ба муқобили терроризм таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Аз ҷумла дар Паёми имсола Пешвои миллат ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳамчунин ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аҳмияти хосса дода, таъкид намуданд, ки: «Миллати солим таҳкурсии ҷомеаи солим мебошад». Инчунин Пешвои миллат аз рушди соҳа ёдовари шуда, қайд намуданд, ки танҳо дар понздаҳ соли охир бо мақсади беҳдоти шароити зиндагӣ ва кору фаъолияти самаранокии табибон маблағгузории соҳаи тандурустӣ 19 баробар афзоиш ёфта, то имрӯз дар соҳа зиёда аз 20 барномаи миллӣ амалӣ шудааст.
Ҳамчунин, зимни чорабини ёдовари карда шуд, ки барои рушди бемайлони соҳаи тандурустии кишвар Пешвои миллат дар Паём ба хотири таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисони сатҳи баланди касбӣ, зарурати беҳтар намудани заимнаи кадрии соҳа, таъсиси самаранокии таҳсилоти тиббӣ, беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо, азхудкунии технологияҳои муосири тиббӣ, баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соҳа ва сифати доруворӣ, ки яке аз масъалаҳои асосии соҳа мебошад, як қатор дастуру супоришҳо ба масъулини соҳа доданд. Яъне ин ифодаги он аст, ки Пешвои миллат моро бо Паёми хеш ҳидоят ба корҳои созандагию ободони менамоянд.
Ҳамчунин, дар рафти чорабини олимони соҳа ва аъзоёни ҳизб доир ба масъалаи мазкур ибрози андешарони намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётани муҳими ҷомеа, инчунин ҷиҳати қавитар намудани пояҳои ахлоқии ҷомеаро зарур донистанд, зеро имрӯз дар натиҷаи роҳ ёфтани идеологияи бегона ва иртиҷоӣ ба ҷомеаи мо, махсусан, таъсири он ба ҷавонон хавфи суст шудани пояҳои ахлоқи миллӣ ба миён омадааст. Президенти ҷумҳурӣ батакрор таъкид мекунанд, ки мо бояд ватандӯст бошему сарзамини аҷдодиамонро пайваста ободу зебо намоем, ифтихори миллиамон бояд дар сатҳи баланд бошад. Ва дар ин замина Пешвои миллат соли 2017 –ро ҳамчун соли ҷавонон эълон намудан, ки ин масъулияти мо ва ҷавононро боз ҳам бештар менамоянд. Дар ин замина моро зарур аст, ки ҷиҳати тарбияи насли ҷавони кишвар диққати аввалиндараҷа диҳем, зеро ояндаи дурахшони миллату давлатамон дар дасти насли ҷавон аст.
Дар фарҷоми чорабини баҳри иҷрои саривақтии Паёми Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои роҳбарияти кишвар ва сохторҳои ҳизбӣ ҷиҳати иҷроиши камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳо дода шуд.


Мудири шӯъбаи
таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино А. Муминов













Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: