Ҷашни Истиқлолият дар мактаб7-09-2015, 10:30
Хабарро хонданд: 417 нафар
Назарҳо: 0
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Бохтар 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Дар ҷамъомад кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бохтар иштирок намуда, зимни суханронии худ оиди Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию ободонӣ, саҳми маорифчиёнро дар рушди кишвар ва пешрафти илму техника қайд намуданд. Хонандагони мактаб бахшида ба ин ҷашни фархунда ба ҳозирин барномаи идонаи адабии худро, ки аз шеъру суруд, саҳначаҳо ва рақсҳои дилнишин иборат буд, намоиш доданд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.