ДУШАНБЕ, 31.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Доналд Трамп иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералӣ ва вазири адлияи ИМА Салли Йейтсро аз мансабаш барканор кард. Пас аз оне, ки ӯ аз иҷрои фармони президент доир ба пурзӯр намудани сиёсати муҳоҷират саркашӣ намуд, аз мансаб барканор гардид. Дар ин бора АИР «Новости» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, Йейтс ба ҳуқуқшиносони вазорати адлия амр додааст, ки дар додгоҳ фармони иҷроияи президент Трамп оид ба муҳоҷиратро ҳимоя накунанд. «Дар ҳоли ҳозир маро мутмаин насохтанд, ки фармони иҷроия қонунӣ аст», — гуфт и.в Прокурори генералӣ
Вазоратро прокурори ҳавзавии ҳавзаи шарқии иёлати Вирҷиния Дана Боенте то тасдиқ гардидани номзадии Ҷефф Сешнс ба мансаби Прокурори генералӣ роҳбарӣ хоҳад кард.
Йейтс дар маъмурияти роҳбари қаблии Амрико Барак Обама низ фаъолият мекард. Бино ба гуфтаи намояндагони Кохи Сафед, ӯ нисбат ба масъалаи сарҳадот мавқеи заиф ва нисбат ба масъалаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавқеи хеле заиф дорад.