Амалигардонии нуктаҳои Паём вазифаи ҳар яки мост!31-01-2017, 09:28
Хабарро хонданд: 314 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 24- январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии «Мушфиқ»-и Маркази шаҳрии бемориҳои пуст ва зуҳравии шаҳри Душанбе зери унвони «Амалигардонии нуктаҳои Паём вазифаи ҳар яки мост!» бо иштироки А.Муминов – мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва аъзоёни ҳизб чорабинӣ доир гардид. Сараввал, Ҷ. Муродов- Директори Марказ, аъзои фаъоли ҳизбӣ дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши таърихии он суханрони намуда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки ин шахсияти беназир пуштибону такягоҳи халқ аз рӯзҳои аввали сари қудрат омадан аз сулҳу салоҳ, ободкориву созандагӣ, бахшидану таҳаммулпазирӣ, дӯстдории сарзамини аҷдодӣ сухан ронда, чароғи хомӯшгардидаи умеди дили мардумонро рушанӣ бахшид. Бо шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Сарвари давлат кишвари мо тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба мақоми шоиста дар низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ даст ёфта, ба ҳайси узви фаъол ва созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Ҳамчунин ӯ оид ба нуктаҳои Паём андешаронӣ намуда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш дар давраи зикр гардида, оид ба пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумлаи илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати ҷиддӣ дода, аз ҷумла таъкид намуданд: «Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳмияти хоса медиҳад.». Дар ин замина ҳамчунин Сарвари кишвар ба масъалаи зудтар бо мутахассисони сатҳи баландӣ касбӣ таъмин кардани муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо, баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соҳа, назорати қатъии сифати доруворӣ, ки яке аз масъалаи соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад, диққати бештар дода, дар ин замина ба масъулини соҳа, аз ҷумла ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. А.Муминов- зимни чорабинӣ баромад намуда, ёдовар шуд, ки аз ҷониби ин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо мақсади бартараф намудани масъалаҳои глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ он пешниҳодҳое, ки аз ҷониби кишвари мо ва алхусус Сарвари давлатамон мегарданд, пазируфта мешавад. Хушбахтона яке масъалаҳои ҷиддӣ ва мубрам, ки Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, ин дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъали оби тоза ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Муҳаббатшоҳ Қосимов – ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ зимни баромади худ таъкид намуд, ки Пешвои миллат пайваса ба масъалаи насли наврас ва нақши онҳо дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид мекунанд, ки имрӯз мо бояд насли ҷавонро бо дастовардҳои навини он шинос кунем ва омӯзонем. Инчунин, меъёрҳои демократии бунёди ҷомеаро амалӣ гардонем, анъанаҳои милиамонро рушди тоза бахшем. Дар фарҷоми чорабинӣ А.Муминов ба 12 нафар табибони ҷавон, ки нав ба ҲХДТ шомил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супорид ва таъкид намуд, ки тибқи дастури Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон «Ҷавонон бояд дар ҳама қишрҳои ҷомеа бояд фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд» ва ҳамчунин ёдовар шуд, ки моро зарур аст, ҳар як нуктаи дар Паём дарҷ гардидаро мавриди амал қарордиҳем, зеро амалигардонии нуктаҳои Паём вазифаи ҳар яки мост. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.