Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган30-01-2017, 18:00
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 30.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Дар иртибот ба фарорасии санаи хотирмон дар таърихи муосири муносиботи байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия – 25-мин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ – сарфарозам ба Шумо табрикоти самимии хешро ирсол намоям. Тайи ин давра бар асари талошҳои муштарак ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бемайлон густариш ёфта, зинаҳои нави болотарро касб карданд. Дар ин раванд усулҳои пазируфташуда ва халалнопазири дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ ва эътимоду эҳтироми мутақобила хоси робитаҳои созандаи Тоҷикистону Туркия буданд. Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати дӯстона бо Туркия мебошад ва ин мавқеъ созгори усули умдаи сиёсати хориҷии мост. Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҷаноби Президент тансиҳативу пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Туркия суботу амонӣ ва рӯзгори обод орзумандам». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.