Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон30-01-2017, 19:00
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
![]() ДУШАНБЕ, 30.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷаноби Президент, Ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозам ба Шумо табрикоти худро изҳор намоям. Итминони комил дорам, ки муносибатҳои ҳарду кишвар, ки бо равобити фарҳангиву таърихӣ ва дар асоси эҳтироми тарафайн, баробариву манфиати муштарак бунёд ёфтаанд, дар оянда низ рушд хоҳанд кард. Дар ин масир бори дигар таъкиди иродаи онро дорам, ки дар якҷоягӣ бо кишвари дусту бародари Тоҷикистон ояндаи дурахшонро бунёд хоҳем кард. Бо истифода аз фурсати муносиб ба Ҷаноби Олӣ саломативу хушбахтӣ орзу намуда, таманниёти беҳтаринамро ба мардуми Тоҷикистон мерасонам». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.