Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маъюбони қалбакӣ ошкор гардиданд

Маъюбони қалбакӣ ошкор гардиданд

10-01-2017, 11:33
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Қабул ва баррасии муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон пайваста дар мадди назари роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, гуфта шуд дар нишасти матбуотии ин ниҳод. Соли 2016 ба Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 миллиарду 135, млн. сомонӣ ворид гардид, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68,4 млн. сомонӣ, ё 1,1 фоизро ташкил намуд.
Қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба 2 млрд. 193,8 млн. сомонӣ баробар аст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 228,7 млн. сомониро ташкил намудааст, ки 11,6 фоиз зиёд мебошад. Талаботи пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ барои соли 2016 мувофиқи реҷаи тасдиқгардида ба ҳолати имрӯза пурра маблағгузорӣ карда шудааст. Дар ин давра барои маблағгузории саривақтии нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ ба вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 429,8 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд.
То 1 январи соли 2017 дар асоси Фармоиши муштарак байни Агентӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» 69627 гирандагони нафақаи маъюбӣ аз муоинаи такрории тиббию иҷтимоӣ гузаронида шуданд, ки аз ин теъдод гурӯҳи маъюбии 51763 нафар тасдиқи худро ёфта, аз нав барқарор гардиданд, ки аз ин шумора 6597 нафар аз як гурӯҳи маъюбӣ ба дигар гузаронида шуданд, ки нафақаашон вобаста аз гурӯҳи нави маъюбӣ аз нав ҳисоб ва таъин гардида, пардохт шуда истодааст. Аммо зимни муоинаи такрорӣ гурӯҳи маъюбии 17864 нафар тасдиқи худро наёфт ва аз ин теъдод бинобар расидан ба синну соли нафақавӣ 5017 нафар ба нафақаи синнусолӣ гузаронида шуданд. Пардохти нафақаи 12847 нафари дигар, ки гурӯҳи маъюбиашон тасдиқ нагардид, пурра қатъ карда шуд.

Дар анҷом зикр гардид, ки барои татбиқи самараноки ҳадафҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2016-20 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба нафақагирон ва пардохти саривақтии нафақаву кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Агентӣ тадбирҳои мушаххас оандозӣ мешаванд.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: