Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 04.01.2017 11:47, шаҳри Душанбе

Барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 04.01.2017 11:47, шаҳри Душанбе

4-01-2017, 16:20
Хабарро хонданд: 197 нафар
Назарҳо: 0
Барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 04.01.2017 11:47, шаҳри Душанбе

Имрӯз Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Ба шарафи 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат фармоед аз номи Ҳукумат ва мардуми Хитой ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин тамманниёти хешро иброз намоям.

Тоҷикистону Хитой ҳамсояҳои ба ҳам хайрхоҳ мебошанд ва онҳоро кӯҳҳои осмонбусу дарёҳо ба ҳам мепайванданд. Дӯстии халқҳои мо аз гузаштаи дур маншаъ мегирад. Тайи 25 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ муносибатҳои кишварҳои мо босубот ва самарабахш рушд меёбанд. Тамосҳову мубодилаи сафарҳо дар сатҳи баланд мунтазам ба роҳ монда шуда, сатҳи эътимоди мутақобилаи сиёсӣ пайваста боло меравад. Ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби эъмори муштараки “Як камарбанд ва як роҳ”, ҳамчунин дар ҷодаи амниятӣ натиҷаҳои хуби барои мардумонамон воқеан ҳам судмандро ба бор меоварад. Ҳар ду ҷониб якдигарро дар масъалаҳои муҳимми мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дастгирӣ намуда, дар умури байналмилаливу минтақавӣ ҳамдастиву мусоидати мутақобиларо ба роҳ мондаанд ва аз ин тариқ дар раванди таъмини сулҳу суботи минтақавӣ нақши назаррас доранд. Ҷонибҳо Аҳдномаро “Дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расонида, муносибатҳои шарикии стратегиро роҳандозӣ намудаанд ва ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, ки ба марҳалаи наву муҳимми рушди худ ворид мешавад, ҷиддан пеш бурдаанд. Ҷониби Хитой аз натиҷаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамояд ва ба ояндаи неки тавсеаи онҳо итминони комил дорад.

Ин ҷониб ба густариши минбаъдаи муносибатҳои Хитою Тоҷикистон аҳаммияти хосса медиҳад. Ҷониби Хитой масири рушди Тоҷикистонро бо назардошти хусусиятҳои миллии кишвар, саъю талошҳои онро ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи дохилӣ, ҳамчунин пешбурди тараққии иҷтимоиву иқтисодӣ қотеона пуштибонӣ менамояд. Ба муносибати 25-солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо омодагии хешро ҷиҳати - дар якҷоягӣ бо Шумо - минбаъд ҳам таҳким бахшидани эътимоди мутақобилаи сиёсӣ, таъмиқи ҳамкорӣ ба хотири эъмори муштараки “Як камарбанд ва як роҳ” ва мунтазам ба зинаҳои нав баланд бардоштани муносибатҳои шарикии стратегии Хитою Тоҷикистон бар нафъи кишварҳо ва мардумонамон иброз медорам.

Орзуманди таҳкиму рушди пайвастаи дӯстии Хитою Тоҷикистон мебошам.

Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар фаъолиятатон муваффақиятҳо орзумандам».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: