«Рӯзҳои ҲХДТ» дар ноҳия10-09-2015, 11:05
Хабарро хонданд: 330 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳраку деҳоти ноҳия дар маркази боғи фарҳангии ноҳия «Рӯзҳои ҲХДТ» бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар баргузории Рӯзҳои ҳизбӣ ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳраку деҳоти ноҳия фаъолона иштирок намуданд.
Инчунин дар варзишгоҳи ба номи У.Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии варзишӣ аз намуди футбол байни ҷавонон баргузор гардид. Мусобиқа байни дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва дастаи футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо натиҷаи 5-0 бар фоидаи дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ анҷом ёфт. Ҳамзамон бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.09.2015 то 09.09.2015 дар боғи фарҳангии ноҳия чорабиниҳои идона таҳти унвони «Файзи Истиқлол» баргузор гардид. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.