Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём – барномаи амалии мост!

Паём – барномаи амалии мост!

4-01-2017, 08:37
Хабарро хонданд: 618 нафар
Назарҳо: 0
Паём – барномаи амалии мост!

Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ҷиҳати тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи Кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташклотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки аъзоёну фаъолони ҲХДТ чорабиниҳои роҳандози карда шудааст.
Вобаста ба ин дар ташкилоти ибтидоии «Агроинвест»-и ҶСК «Агроинвестбонк» бо иштироки аъзоёни раёсати ташкилот, муовинони раиси бонк, аъзоёни ҳизб, сардорони раёсат ва мудирони шӯъбаҳои бонк бо мақсади тарғибу ташвиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мавзӯъи «Паём – барномаи амлии мост!» чорабини баргузор гардид.
Нахуст чорабиниро бо суханронии табрикоти Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» Муродалӣ Алимардон ифтитоҳ намуда, аз ҷумла дар бораи саҳм ва нақши Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи пешравии кишвари азизамон ибрози андешарони намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки воқеан, бо ибтикору кордонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештари кишварҳои олам ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу соҳибтамаддун мешиносанд, ва ҳамчун давлат эътироф менамоянд. Аз ин рӯ сиёсате, ки Пешвои миллат пеш гирифтаанд шароити мусоиди дипломатӣ ва дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳми арзандаро касб намудааст. Қобили қайд аст, ки дар тули 25-соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои кишварамон пешравиҳо ба чашм мерасад, ки ин аз дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат маншаъ мегирад. Имрӯз Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон сиёсати иктисодӣ-иҷтимоӣ, молия ва муносибатхои пулию карзиро дар ҳаёт тадбиқ намуда, барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузори ба соҳаҳои иқтисодӣ ва пеш аз ҳама соҳаҳои саноат тадбиру чораҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.
Инчунин раис аз нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат чун Паёмҳои қабли бо мақсади муайян намудани ҳадаф ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, барои тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол пешниҳод гардид. Ҳамзамон ёдовари намуд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш қайд намудан, ки фаъолияти муътадили низоми бонкӣ дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ ба шумор меравад. Ва ҳамчунин ёдовари карда шуд, ки Сарвари давлат аз фаъолияти низоми бонкии кишвар изҳори нигарони намуд, ки ин моро водор месозад, ки фаъолияти хешро густариш дода, сифати хизматраоснии низоми бонкӣ ба мизоҷононамонро беҳбуд созем.
Ҳамчунин Моҳсафар Яҳёева - раиси ташкилоти ибтидоии «Агроинвест»-и ҶСК «Агроинвестбонк» аз мавзӯъи чорабини «Паём – барномаи амлии мост!» баромад намуда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва марҳилаи устуворгардии он оғоз ёфт. Чуноне, Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон бо ифтихору қаноатмандӣ иброз доштанд, ки: «Мо ҳамаи корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем. Зеро озодию истиқлолият барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».
Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паём ба фаъолияти кулли соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат дар соли 2016 баҳои баланд дода, вазифаҳои аҳли кмшварро барои соли оянда дақиқан муайян намуданд.
Ҳамчунин дар Паём Пешвои миллат таъкид намуданд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ин саноаткунонии мамлакат мебошад, яъне аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани Тоҷикистон аст. Дар ҳақиқатан ҳам имрӯз мо ҳамагон бевосита шоҳиди ҳол ҳастем, ки бо нақшаи стратегии Пешвои миллат ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ зина ба зина амалӣ шуда истодааст ва он рӯз дер нест, ки Тоҷикистони азизи мо пурра ба мамлакати индустриалӣ – аграрӣ табдил меёбад.
Зимни чорабини ҳамчунин дар бораи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018 – 2028, ки бори аввал бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбари намуд, суханрони карда шуд. Аз ҷумла ёдовари карда шуд, ки ин иқдоми Пешвои миллат, чун дигар иқдомҳои некаш барои ҳар як сокини ин диёри кӯҳанбунёди мо мояи ифтихору сарбаланди мебошад. Ва ин бори дагар ифодагари он аст, ки Сарвари ғамхори мо бевосита таваҷҷуҳгари манфиатҳои тамоми аҳли сайёра мебошанд ва ҳар иқдому пешниҳоде, ки менамояд аз ҷониби бонуфузтарин Созмонҳои байналмилалӣ қабул карда мешавад.
Сипас, дар фарҷоми чорабини Муродалӣ Алимардон раиси ҶСК «Агроинвестбонк» баромад намуда, қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҳизбамон дар шумори дигари мамлакат аз кормандону аъзоёни ҳизбии бонк низ тақозо дорад, ки бештар фаъол бошанд ва барои ҳамқадам бо ҷомеаи мутамадини ҷаҳон будани Ватани азизамон ва баланд бардоштани нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста ҷиду ҷаҳд намоем ва Паёмро ҳамчун барномаи амалии хеш қарор диҳем.


Мудири шӯъбаи
таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино А.Муминов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: