Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём - ифодагари сулҳу ваҳдат ва ғояи милливу маслаки ватанпарастӣ

Паём - ифодагари сулҳу ваҳдат ва ғояи милливу маслаки ватанпарастӣ

3-03-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0
 Паём - ифодагари сулҳу ваҳдат ва ғояи милливу маслаки ватанпарастӣ
Дар доираи баргузории чорабиниҳо то ид ба таблиғу ташвиқи моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо бо иқдоми ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо иштироки аҳли илм, аъзоёну фаъолони ҳизб ва кормандони масъули ҳизбӣ вохӯриҳои судманд доир гардида истодааст.

Дар партави ин чорабиниҳо чанд рӯз пештар дар ташкилоти ибтидоии «Падид»-и аҳли кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 мизи мудаввар дар мавзӯи «Паём - ифодагари сулҳу ваҳдат ва ғояи милливу маслаки ватанпарастӣ» бо иштироки омӯзгорони фаъол доир гардид.

Нахуст, Ганҷараева Сабоҳат – директори муассиса, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки чун ҳамасола Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути васоити ахбори омма ба мардуми шарифамон пешниҳод мегардад, ки тавассути он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо паёми сулҳу ваҳдат ва ғояи милливу маслаки ватанпарастӣ, мароми созандагиву бунёди роҳҳову нақбҳо миллатро ҳам аз лиҳози ғоявӣ ва ҳам аз лиҳози ҷуғрофӣ ба ҳам овард.

Мавсуф ҳамчунин зимни суханронии хеш таъкид намуд, ки дар Паём ба масъалаи ҳаёти иҷтимоӣ аҳамияти махсус дода шуд ва барои беҳбудии рӯзгори мардум иқдомоти бузург пеш гирифта шуданд. Аз ин нуқтаи назар Паёмро ба унвони як ҳуҷҷати сирф иҷтимоӣ шуморидан мумкин аст, зеро ҳамаи масъалаҳое, ки дар он матраҳ шуданд, барои ҳаёти осудаҳолона, пешрафти ҷомеа, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ равона шудааст. Инчунин ӯ ёдовар шуд, ки Паём аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ба масъалаи илм ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

А.Муъминов – мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино аз ҷумла зимни чорабинӣ оид ба таблиғу ташвиқи моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, таъкид кард, ки бо назардошти иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар асоси пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагонии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 9 – уми декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси намояндагонии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул карда шуд ва он таърихи 25- уми декабри соли 2015 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомамалӣ Раҳмон ба имзо расид. Ҳамчунин ӯ изҳор намуд, ки қабули чунин як қонун изҳори воқеият, арзи садоқату эҳтиром, қадршиносӣ ва подоши барҳақ ба хизматҳои шоистаи Сарвари давлат аст. Воқеан ҳам Президенти муҳтарами кишвар бо он заҳмату талошҳои созандаи хеш сазовори ҳамагуна унвону ҷоиза, мақому манзалат ва садоқату самимият мебошад.

Инчунин, дар фарҷоми чорабини ба 4 – нафар омӯзгорони ҷавоне, ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ бо хоҳиши худашон шомил гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбиашон супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: