Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

СУРАТ

31-07-2017, 10:39
Хабарро хонданд: 1133 нафар
Назарҳо: 0
СУРАТ

Имшаб бо моҳ суҳбат доштам. Он духтари
дайдуи осмонӣ, ки ҳамеша сафар дорад, раҳ-
намоиям кард, то вориди олами руъё шавам.
Ва рафтам ба олами руъё…Аҷабо, ту ҳам он
ҷо будӣ ва ман розат гуфтам, оҳо, чунон розат
гуфтам, кӣ…


Мусофиркаш нолишкунон кӯтали Сарпанҷаро баромад. Қисми зиёди мусофирон аз ҳаракати сусти он дилгир шуда пинак мерафтанд. Бар машом бӯи бензин ва резини нимсӯхта мерасид.
Ҷавонмарди чорпахлӯи сабзина, ки андаке риши расида ва чашмони хаёломез дошт ба сурати дар дасташ буда нигариста ба олами андеша рафт. «Аҷабо, чаро Гул расмашро ба ман тақдим кард?
Аслан, тӯхфаи духтар ба мард бо мақсаде ҳаст, яъне рамзе дорад, аммо ман, охир…эҳ, намефаҳмам…
Пас, ин чи чуръат буд? Дӯстӣ, бародарӣ, ё мухаббат. Агар дӯсти бошад, байни зану мард пойдор намемонад, агар аҳди бародарӣ бошад тӯхфа намудани расм ба марди бегона ин маъниро гум мекунад. Ё муҳаббат аст? Не, муҳаббат шуда ҳам наметавонад. Тафоввути синну соли ин маъниро аз худ дур месозад. Пас ин чӣ маънӣ дорад?».
Ҷавонмард хеле фикр кард, вале ба суоли хеш посух наёфт.
Ҳафтаи гузашта ин расмро ба ӯ тӯҳфа карда буданд. Ҳамон рӯз Гул ба утоқи кориаш даромад. Чашмонаш медурахшиданд ва гӯё аз онҳо шарора мерехт.
- Муаллим шумо ҳамеша васфи чашмони маро мекунед, лозим донистам, ки расмро ба шумо тақдим кунам. Хар гоҳе, ки ёди чашмони ман кардед, ба ҳамин сурат нигаред- гӯён, духтар табассуми маҳине карда аз назди ӯ дур шуд. Ҷавонмард ҳайрон монд. Ин духтари хушқомати гандумгун, ки мӯйҳои сиёҳу чашмони ангурӣ дошт, кайҳо боз диққати Расулро ба худ ҷалб карда буд. Ҳангоми бо духтар рӯ ба рӯ омаданаш шӯхиомез мегуфт:
- Ҳа, ангурчашмак кучо шитоб дорӣ?
Ангурчашмак гуфтани ҷавонмард ба Гул маъқул буд, аз ин рӯ завқ бурда механдид.
Расул ва Гул дар шӯъбаи тадқиқоти китобҳо дар пажуҳишгоҳи илмӣ кор мекарданд. Расул мудирии шӯъбаро бар ӯҳда дошт.
…Мусофиркаш кӯталро баромада ба роҳи ҳамвор расид. Акнун садояш паст ва суръаташ баланд гардида буд. Мусофирони то ин дам пинак рафта, сабукиро эҳсос карда, ба худ омаданд. Расул ҳамоно ба расми Гул менигарист. Табассум дар лабони духтар ҳувайдо буд. Ба назари чавонмард чунин расид, ки духтар пешонааро сӯяш чин кард. Гӯё мегуфт:
- Чи ин қадар нигох дорӣ? Шояд пазмони чашмони ангуриям шуда бошӣ?
Расул хандид. Ӯ бори аввал эҳсос кард, ки ин духтари навхат метавонад ӯро ту гӯяд. Ба умқи чашмони Гул нигарист. Онхо карахту бехаракат буданд, аммо нуре доштанд ва аз он нур гармӣ меомад. Ин гарми қалби Расулро то рафт ба сӯи худ мекашид.
- Уф, хаста шудам – оҳи сард кашид ҷавонмард. Пиразани руси дар пахлӯяш нишаста, синчакорона ба сурат нигарист ва бо нигохи аёрона пурсид.
- Дочка?
- Нет – кӯтох чавоб дод Расул.
- Красивая девочка – пиразан табассум кард.
- Наверно любовница?
- Любовница? -Расул хандид- Нет, вместе работаем, вернее она моя ученица – чавоб дод Расул ва илова кард. – А, разве она похоже на любовницу?
- А, кто знает, - пиразан хандид.
… Мусофиркаш дар назди истгоҳи рохи оҳан истод. Расул бо пиразан хайрухуш намуда роҳ сӯи хонааш пеш гирифт.
Дар хона ӯро касе интизор набуд, аҳли хонавода ба деха рафта буданд. Ҷавонмард худро пуштноки болои диван ҳаво дод. «Хайр, андаке дам мегирам, баъдтар қаҳва менӯшам» - андешид ӯ.
Ақрабаки соат шашро нишон медод. Расул лахзае дароз кашид ва баъдтар ба ёдаш расид, ки аз субх чизе нахӯрдааст. Хеста аз яхдон шишаи шароб бароварда болои миз гузошт. Ду дона бодиринги шӯр ва пораи нон овард. Ба пиёла шароб рехта нӯшид ва боз нӯшид…
Шиша нисф шуд, ба чехрааш гармӣ дамид. Акнун то рафт ниҳодашро эхсоси мастӣ фаро мегирифт.
Лахзае бадин минвол гузашт…Дилаш сахт мезад. Садои Гулро шунидан мехост ва телефони дастиашро бароварда тугмачаҳои рақамҳои шиносашро пахш намуд, аммо ҷуръати гап задан накард, балки қаҳромез телефонро ба гӯшае ҳаво дод…
Ба хотираш расми Гул расид. Даст бар ҷайб бурда суратро баровард ва аз ҷояш хеста калавида-калавида ба назди мизи кориаш омад. Суратро болои миз гузошта нишаст ва ба ӯ нигарист.
- Ассалому алейкум, ангурчашмаки ман. - Мастона овоз баровард Расул- аммо ҷавобе нашунид.
- Ҳа, аз кай боз саломи маро алейк намегирифтагӣ шудӣ? – мастона хандид. - Чӣ ин қадар нигоҳ мекунӣ, а, ангурчашмак, балки ба ҳоли ман механдӣ? Хайр, майлаш хандидан гир, ханда умри одамро дароз мекунад.
Расул боз ҷавобе нашунид. Ҷавонмард расмро гирифта ба худ наздик овард. Бо дасти чапаш болои суратро пӯшида, дар ин ҳолат лаҳзае монд, сипас гӯё ба худ омад:
-Гул, чӣ қадар номи зебо дорӣ, гуш кун, ки ба ту ин номро гузоштааст? Раҳмат ба хамон номгузор…Номат ба худат муносиб, дар хақиқат зебоӣ, балки амири калби манӣ…
Ҷавонмард сигор даргиронд. Саҳни хонаро дуди тамоку пахш кард. Хамёзакашон ба назди тиреза омад ва роғи онро кушод. Боди фораме аз берун ба рӯяш зад ва мӯйхояшро парешон кард. Харисона дуди тамокуро фуру бурд ва лаҳзае пас сигорро ба берун ҳаво дод ва ба ҷои аввалааш омад. Боз суратро ба даст гирифт:
---Гуш кун Гули ман…, маро мешунавӣ, ту дунёи ман, зиндагӣ ва тамоми буду набуди мани…Танҳо ба хотири ту нафас мекашам, чаҳонро мебинам, ай шохдухтари дунёи розам-садои чавонмард андаке ларзид ва баъдан зери лаб сурудеро зам-зама кардан гирифт:
«Агар ишк хамин аст,
Агар зиндагӣ ин аст,
Намехом чашмом дунёро бубинанд…»

Расул девонавор хандид. Акнун чашмони ӯ махмур ва нигоҳаш бенур гашта буд. Аз ғояти мастӣ сараш меларзид.
- Ангурчашмак ин қадар солхо куҷо будӣ? Ҳа… хеле туро кофтам ва имрӯз пайдот кардам, аммо афсӯс, дер пайдот кардам…, дер кардӣ чӯра – Расул расмро бӯсид ва мастона қох-қох занон боз хандид ва сипас расмро ба замин хаво дода, аз ҷояш хест ва ба назди бистари хобаш омада худро болои он партофт. Лахзае пас хобаш бурд.
Сахни хонаро хомӯши фаро гирифт. Танхо тақ-тақи соати деворӣ гоҳе шунавою гоҳе ношунаво ба гӯш мерасид. Ақрабаки он даҳро нишон медод.
Расул ҳамоно беҳаракат мехобид. Ҳатто садои нафаскашиашро кас пайхас намекард.
Ҳамон шаб Гулро хоб дид. Хоб дид, ки дар биёбони гарму тафсон аст. Аз шиддати гармо ҳалқаш хушк шуда, нафаскашиаш танг мешавад. Қуми тафсон пойҳои барахнаашро месӯзонд. Расул давидан мехост, аммо қувваи номаълуме ӯро қафо мекашид. Тамоми қудрату тавоноиашро чамъ карда ба пеш давид. Якбора дар вуҷудаш сабукиро эҳсос кард ва ин сабуки ӯро ба ҳаво бардошт. Расул парвоз мекард ва чуноне тез мепарид, ки дар як мижа задан фарсахҳо тай мешуданд, зери пояш кӯху пуштаҳо ва дашту домон намудор буданд. Чанде парвоз карда дар марғзоре фуруд омад. Марғзор пур аз себаргаву лолахасакҳо буд ва аз байни он дарёчае мегузашт, ки оби шафофу беғубор дошт. Ба назди дарёча расид ва дар соҳили он Гулро дид.
-Салом Расул, биё оббозӣ мекунем-гуфт Гул.
Ҷавон хайратзада шуд.
- Чаро хомӯш мондӣ, Расул? Биё, оббозӣ мекунем.
- Чӣ хел, охир … ман…
Духтар қоҳ-қоҳ занон хандид.
- Чи шарм медорӣ? Шарм накун, либосатро каш бо об даро.
-Ба об? Медонӣ азизам, ман ,ман…оббозӣ карда наметавонам-канда-канда гуфт Расул.
-Оббозӣ карда наметавонӣ, ин хеле осон…Муаллим, ту маро азизам гуфти,чӣ хел нагз…
-Охир ту азиз хасти,аз ту азизтар бароям касе нест…
-Рост?-духтар ишва кард, муаллим модарам хам маро азизам мегуяд, ин ба ман маъкул.
-Боз чи ба ту маъқул?-Расул хандид.
-Шириниро дӯст медорам. Ҳангоми хурдсол буданам модарам ҳамеша барои ман ширини меовард, шояд сабабаш ҳамин бошад…
-Маро чӣ ?-ба чехраи Расул сурхи дамид.
- Туро ҳам…-духтар паст хандид.
Гул дар тан куртаи ҳарир дошт. Аз зери он бадани симинаш ба назари Расул намудор буд. Аз дидани он дили ҷавонмард тез-тез ба тапидан даромад. Духтар дохили об шуда хандакунон ба Расул муроҷиат кард:
- Ана бин, ман чӣ хел оббозӣ мекунам. Ох, чӣ хел нағз, чӣ хел форам, биё, Бие, Расул.
Ҷавонмард ба об даромад ва ба қаъри дарёча ғутта зад. Ачабо, ӯ зери об сабук-сабук нафас мекашид. Сангчаҳои рангорангро гирифта тамошо мекард. Гул шинокунон ба наздаш омад, Расул сангчаҳоро ба ӯ дароз кард. Сангчаҳо хеле зебо ба назар мерасиданд. Харду дар зери оби нукрафом хеле шино карданд.
Баъдтар, аз об баромада лаҳзае болои себаргаҳо дароз кашиданд.
-Расул об ба ту маъқул шуд?- пурсид Гул
- Бале, форам буд.
- Ба ман ҳам.
Чашми Расул ба пеши бари дамидаи духтар афтод ва бешармона ба онҳо нигарист. Гул рӯяшро ба тарафи ӯ гардонида ҷонибаш даст дароз кард. Ҷавонмард дасташро сахт фушурда духтарро ба тарафи худ кашид. Бадани нарму гарме тарафаш майл кард. Аз ин бадани намнок бӯи себаргаи бо об омезиш ёфта бар машомаш расид.
Даст ба пеши бари барчастаи духтар бурд. Ӯ нолиши маҳине карда, худро ба оғӯши ҷавонмард ҳаво дод. Ҳар ду тез-тез нафас мекашиданд. Расул бешармона сару рӯй, лабу даҳон ва бадани духтарро мебӯсид.
Ду чисм ба хам мепечид ва гӯё хар ду дар алангаи оташ месӯхтанд, аммо ҳеч хокистар намешуданд. Ачаб, сӯзиши халоватбахше дошт он оташ…
Расул вақте аз хоб бедор шуд, тамоми баданаш аз арақ саршор буд.
- Ин чӣ бешармӣ, ин чи ноҷавонмардӣ? - худ ба худ пичиррос зад ва баъдан гӯё нав эхсос кард, ки ҳамаи ин дар хобаш буд.
«Уф!» - гӯён табассум кард.
Субҳ ба кор омада чун харвақта бо Гул рӯ ба рӯ нашуд, балки ӯ ба кор набаромада буд. Расул танҳо монд…
Дарк кард, ки чизеро гум кардааст, аммо дар ҷустани он қудраташ намерасад.
Занги телефонаш баланд гардид.
--Бале, гӯш мекунам-Расул мунтазири садо шуд.
--Салом муаллим, ин ман ангурчашмак…Шуморо хоб дидам.
-- Маро?! Аҷабо, чӣ тасоддуфе… ҷавонмард якбора ларзид.
Аз телефон садои хандаи Гул ба гӯшаш расид.
Расул ҳам хандид…

Тағоймурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: