Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Шанбегӣ ба истиқболи Истиқлолият

Шанбегӣ ба истиқболи Истиқлолият

5-09-2015, 12:30
Хабарро хонданд: 431 нафар
Назарҳо: 0
Шанбегӣ ба истиқболи ИстиқлолиятТибқи дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар асоси нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» рӯзи 5 сентябр бо иштироки аъзоён, ҷонибдорон ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия ба истиқболи 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар шанбегӣ бештар аз 12300 нафар иштирок намуда, 750 кӯчаю маҳаллаҳо, 35 хиёбонҳо ва зиёда аз 3 км қубуру ҷӯйборҳо тозаю озода карда шуданд.
Дар маркази шаҳрак, ки ҷои ҷашни ноҳиявӣ мебошад, шиору овезаҳо, байрақчаҳои ранга овезон карда шуданд.
Дар амалӣ шудани ин чорабиниҳо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшҳои ҷавонону занон хеле калон мебошад.
Бо ташабусси ТҶҶ «Созандагони Ватан» варақаи махсус бо номи «ҲХДТ – ҳизби халқ» паҳн карда шуд.
Минбаъд низ то рӯзи ҷашни Истиқлолият баъди вақти корӣ мардум, аз ҷумла фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ, ҷавонон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» ин корҳоро идома хоҳанд дод.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: