Иқдоми неки ҷавонон20-10-2015, 12:38
Хабарро хонданд: 416 нафар
Назарҳо: 0
Дар давраи омодагиҳо ва ботантана ҷашн гирифтани рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Панҷ бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳия гузаронидани як қатор чорабиниҳо дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, 17-уми октябр дар маркази ноҳия бо иштироки 230 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва донишҷӯёни омӯзишгоҳи тиббиву омӯзгорӣ, шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар ин рӯз, қисме аз онҳо ба тоза кардани ҷӯйборҳои обгузари шаҳрак, кӯчаю хиёбонҳо машғул буданд, қисми дигаре бо сафед кардани дарахтон. Аз ҳама кори муҳими шанбегӣ ин баровардани партовҳо ба шумор меравад, ки аз ин сокинони шаҳрак хушҳол гардида, ба ҷавонони иштирокчии шанбегӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.