Ишқобод ва Боку дар бораи кони баҳсияшон ба созиш нарасиданд16-12-2016, 12:09
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Муовини вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Халаф Халафов гуфтааст, ки Боку ва Ишқобод натавонистанд дар бораи ба кадом ҷониб тааллуқ доштани кони "Кяпаз"/"Сердар" ба созиш бирасанд. Халаф Халафов афзудааст, ки дар ин самт гуфтушунид ва машваратҳо идома доранд. "Вале натавонистем пурра созиш кунем", - афзудааст вай. Ин кон, ки онро ҷониби Озарбойҷон "Кяпаз" ва Туркманистон "Сердар" ном мегиранд, соли 1959 боз ва соли 1986 корҳои пармакунияш оғоз гардидааст. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Туркманистон зидди назорат шудани кон аз сӯи Озарбойҷон баромада, то ба ҳол коркарди он қатъ шудааст. Бар пояи созишномаи соли 2008-и ду кишвар, то ҳалли масоили баҳсӣ ҳеч гуна корҳои иктишофии геологӣ ва пармакунӣ дар кони мазкур гузаронида нахоҳад шуд. Захираи ин кон аз 50 то 100 иллион тнна нафт ва 30 миллиард метри мукааб газ ҳисоб мешава |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.