Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Арманистону Озарбойҷон оташбаси Қарабоғро тасдиқ карданд

Арманистону Озарбойҷон оташбаси Қарабоғро тасдиқ карданд

19-05-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
Арманистону Озарбойҷон оташбаси Қарабоғро тасдиқ кардандПрезидентҳои Арманистону Озарбойҷон устувории худро дар мавриди оташбас ва ҳалли осоиштаи низоъи Қарабоғи Куҳӣ тасдиқ карданд. Дар бораи ин созиш баъди гуфтугӯ бо миёнаравҳои амрикоӣ, русӣ ва фаронсавӣ дар Вена, ки 16 май баргузор шуд, хабар расид.

Президентҳои Озарбойҷону Арманистон ризоият доданд, ки даври нави гуфтугӯ моҳи июн баргузор шавад. Бино бар изҳороти Департаменти давлатии ИМА, сарони ду давлат тасдиқ карданд, ки низоъ бо роҳи низомӣ ҳал нахоҳад шуд. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки ҳамраисони гуруҳи Минск оид ба Қарабоғ ба муҳим будани иҷрои созишномаи оташбаси солҳои 1994 ва 1995 таъкид кардаанд.

"Барои коҳиши хатари хушунатҳои оянда, онҳо ба созиш расиданд, то дар муҳлатҳои наздик дар САҲА бар сари абзор ва тарзи таҳқиқи рӯйдодҳо тавофуқ кунанд. Президентҳо ҳамчунин ба густариши салоҳиятҳои Раёсати намояндаи шахсии раиси феълии САҲА дар ин самт ризоият доданд", - омадааст дар изҳорот.

Дидори Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон ва Серж Саргсян, президенти Арманистон дар Вена нахустин мулоқоти онҳо баъд аз даргириҳои охири Қарабоғи Куҳӣ аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: