Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлил аз рӯзи ҳуқуқи инсон

Таҷлил аз рӯзи ҳуқуқи инсон

13-12-2016, 09:16
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлил аз рӯзи ҳуқуқи инсон
Нишасте ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон дар идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баргузор шуд. Ин рӯз ҳамасола 10 декабр гиромӣ дошта мешавад.
Ин нишаст бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, ки «Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар дар ҳаёти инсоният ва рушди заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи инсон нақши калидӣ ва пешбаранда дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани худ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти аввалиндараҷа дода, аксарияти кулли санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро дар ин роҳ ба тасвиб расонида, баҳри иҷрои ҳамаҷонибаи онҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад».
Номбурда таъкид кард, ки «Дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамон ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Бинобар ин аз сӯйи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд."
Шараф Каримзода, муовини сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз муҳтавои яке аз бандҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: «Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд». Бо мақсади татбиқи ин муқаррароти конститутсионӣ имрӯзҳо мебинем, ки мақомоти давлатӣ ҷидду ҷаҳд мекунанд ва ба тадриҷ ислоҳоти қонунгузориро дар ҳамаи ниҳодҳо амалӣ месозанд.
Дар нишаст инчунин чанде аз дигар иштирокҷиён дар мавриди ҷойгоҳи ин рӯз суханронӣ карда, бар аҳамияти гиромидошти ин санаи таърихӣ, ки ба муносибати тасвиби Эъломияи умумии ҳуқуқи башар таҷлил мешавад ва нақши он дар тақвияти аркони давлат, таъмину густариши ҳуқуқу озодиҳои инсон изҳори назар карданд.
Иштирокчиён зимни ин суханрониҳо иброз намуданд, ки баргузории ин нишаст ба якчанд санаҳои фархунда, аз ҷумла Рӯзи ҳуқуқи инсон, 68-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, 50-солагии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рост омада, барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳуқуқи инсон дар кишвар саҳм мегузорад.
Лозим ба зикр аст, ки тоҷикон аз қадим ба ҳуқуқу озодиҳои инсон арҷ мегузоштанд, ки далели он соли 539 то мелод қабул гардидани Эъломияи Куруши Кабир мебошад. Дар даврони Истиқлолият низ ин анъанаи ниёгон идома дода шуда, дар сатҳи конститутсионӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуд. Баргузор гардидани конференсия ва чандин нишасту мизҳои гирд аз иқдомоти муҳим дар ҷиҳати таҳкими ҳуқуқи инсон буда, барои ташаккул додани фарҳанги эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ёрӣ медиҳад.
Таърихи Рӯзи ҳуқуқи инсон вобаста ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон буда, ки он 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Франсия қабул гардида буд. Ба ин муносибат дар саросари ҷаҳон ҳар сол ҳафтаи аввали моҳи декабрро ҳамчун ҳафтаи ҳуқуқи инсон бо баргузории барномаҳои гуногун гиромӣ медоранд.
Тавре ҳуқуқшиносон эътироф мекунанд, ин Эъломия сарфи назар аз сохти давлатдорӣ, мафкураву эътиқоди динӣ ва одату анъанаҳои халқҳои ҷаҳон дар худ ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро дар бар гирифта,ҷиҳати бархурдории инсонҳо аз ҳуқуқу озодиҳояшон мусоидат мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани худ, ҳуқуқи инсонро ҳамчун арзиши муҳими ҷомеаи демократӣ эътироф карда, соли 2009 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва соли 2016 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро таъсис дод.

Солеҳ Юсуфов







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: