Хайрия12-12-2016, 09:57
Хабарро хонданд: 318 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои зиёди ривоҷи қонунгузориро дар самти ҳуқуқи инсон сипарӣ намудааст, ки яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Баъди қабули ин қонун сохтори нави ҳуқуқӣ- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис шуд, ки вазифаи муҳимтаринаш ҳифзи ҳуқуқи инсон дар партави давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Ҳамин аст, ки дар мамлакат ятимону пиронсолону бепарасторон ва маъюбон ба ғамхорӣ ва таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Ин меъёр дар моддаи 34-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ намудан ва кӯмак расонидан ба кӯдакони ятиму бесаробон ва маъюб, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ба мактаб- интернати №2-и Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар арафаи Рӯзи байналмилалии маъюбон кумаки хайриявӣ, аз қабили хӯрока ва лавозимоти варзишӣ расонида шуд. Дар чорабинӣ масъулини Кумитаи иҷроия Бозорова Г.-мудири шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонон, Баҳромзода К.- мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилот ва Бурҳонзода М.- мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон иштирок намуданд. Бозорова Г. омузгорон ва тарбиятгирандагонро бахшида ба ин рӯз табрик намуда, иброз намуд, ки мақсад аз ин иқдом онро тақозо менамояд, ки маъюбону барҷомондагон низ як қисми ҷомеаи имрӯзаи мо ҳастанд. Баъд аз ба истиқлолият ба даст овардани кишвар, ба ҳамагон маълум аст, ки таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат нисбат ба маъюбону бепарасторон дучанд зиёд гардид, ки имрӯзҳо барои аз худ намудани касбу кор махсус омӯзишгоҳҳо барои онҳо низ амал мекунанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ директори мактаб- интернати мазкур Ахмедов Карим барои дастгирӣ ва иқдомоти хуби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур арзи сипос намуд. Ҳамчунин, тарбиятгирандагон тибқи барномаи таҳия намудаи мактаб- интернат қироати шеър дар васфи Ватан, саҳначаи ҳаҷвӣ, шеър бо оҳанг а рақсу байтбарак намоиш доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.