Вохӯрии интихобкунандагони маҳаллаи ба номи Ҷ.Румӣ бо номзади ҲХДТ Назаров Файзалӣ4-09-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 376 нафар
Назарҳо: 0
Дар маҳаллаи ба номи Ҷ.Румӣ дар асоси нақшаи вохӯриҳо бо номзадҳо дар ҳавзаи интихоботии №3 оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрӣ баргузор гардид. Маҷлисро раиси ҳавзаи интихоботӣ Эргашева Саломат кушода, суханро ба шахси боэътимоди номзади ҲХДТ Разоқов Абдуразоқ дод. Баромадкунанда ҳозиринро бо ҳолномаи номзади ҲХДТ Назаров Файзалӣ Насруллоевич шинос намуд.
Аз тарафи аксарияти иштирокчиён номзадии Назаров Файзалӣ дастгирӣ ёфта, ваъда доданд, ки рӯзи 6-уми сентябри соли равон аз соати 6:00 субҳ ҳама интихобкунандагони маҳалла фаъолона дар чорабинии сиёсӣ иштирок намуда, ба тарафдории номзадҳои арзанда овоз медиҳанд. Баъд аз он узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси шаҳр С.Қосимова баромад намуда, ҳозиринро бо сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон шинос намуда, он пешравиҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст, мухтасар фаҳмонида дод. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Т.Наҷидуллоев дар суханронии худ ҳозиринро ба вазъи сиёсии имрӯзаи кишвар ва ҷаҳон шинос намуда, оиди Огоҳиномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунии ҲНИТ қайд намуд. Маҷлисро раиси ҳавзаи интихоботии №3 С.Эргашева ҷамъбаст намуда, омодагии пурраи участкаи интихоботии №2 ва ҳавзаи №3 воқеъ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба интихобкунандагон фаҳмонида дод. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.