Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Вохӯрӣ бо номзади ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии №11

Вохӯрӣ бо номзади ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии №11

3-09-2015, 06:30
Хабарро хонданд: 401 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯрӣ бо номзади ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии №11
Гуруҳи таблиғотии ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрии номзади ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии №11 Шомаҳмадова Марҳамат Бегмуродовнаро бо интихобкунандагони маҳаллаи Кайҳоннавардон хонаҳои 60, 62, 64, 66, 68 ва Борбад 36 баргузор намуд. Чорабинии мазкурро раиси ҳавзаи интихоботии №11 оғоз намуда, суханро ба муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр С.Қосимова дод. Номбурда ҳозиринро аз сафари Президенти кишвар ба шаҳри Кӯлоб, ки дар Рӯзи дониш баргузор гашт, шинос намуда, хусусан аз чорабиниҳое, ки бо иштироки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ифтитоҳи маҷмааи Ҳавзи шиноварӣ, гузоштани санги асос ба хобгоҳи донишҷӯёни Коллечи тиббӣ, ифтитоҳи хобгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсия, ифтитоҳи меҳмонхонаи “Чанор”, ифтитоҳи бинои Нозироти андоз, ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои омӯзгорони Мактаби Президентӣ, шиносоӣ бо Корхонаи коркарди шир сухан кард. Баъд аз он сухан ба шахси боэътимоди номзади ҲХДТ Садирова Махфират, раиси маҳаллаи ба номи Ҷ.Румӣ дода шуд. Номбурда ҳозиринро ба ҳаёт ва фаъолияти номзад шинос намуд. Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Т.Наҷидуллоев бори дигар аз интихобкунандагон даъват намуд, ки рӯзи 6-уми сентябр аз соати 6:00 субҳ то соати 20:00 фаъолона дар ин чорабинӣ иштирок намуда, ба тарафдории номзадҳои арзандаи ҲХДТ овоз диҳанд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон

Вохӯрӣ бо номзади ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии №11

Вохӯрӣ бо номзади ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии №11

Вохӯрӣ бо номзади ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии №11
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: