Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Парчамат поянда бошад, Тоҷикистони азиз!

Парчамат поянда бошад, Тоҷикистони азиз!

25-11-2016, 09:05
Хабарро хонданд: 367 нафар
Назарҳо: 0
Парчамат поянда бошад, Тоҷикистони азиз!
Баҳри дар амал татбиқ намудани дастурҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ аз қабили арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ, бахшида ба таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омўзишгоҳи касбию техникии №64-и ноҳияи Деваштич аз ҷониби НТҶҶ «Созандагони Ватан» мулоқот бо ҷавонон баргузор гардид. дар рафти мулоқот зикр гардид, ки бояд ҳар яки мо шукри тинҷиву осудагӣ, шукри ваҳдату ягонагӣ ва Истиқлолияти кишварамонро кунем ва зери ин муқаддасоти миллӣ, ки таҳти сиёсати хирадмандонаву мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парафшон буда, Тоҷикистони биҳиштосои мо ободу зебо, сатҳу сифати зисту зиндагони ҳар яки мо рӯз аз рӯз боло рафта, дастовардҳои беназир зиёд гардида истоданд, кору фаъолият дошат бошем. Ҳамасола саросари кишвари азизу маҳбубамон рӯзи 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад ва чи тавре, ки Сарвари давлатамон қайд намудаанд «Мо зери ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем ва Парчами миллӣ Ваҳдату ягонагии моро боз ҳам мустаҳкам менамояд. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагию бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум амалӣ менамоем ва таҳти ливо ҷомеаи нав, озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ месозем.»
Раиси НТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов инчунин бо ин ҷашни бузургу муқаддаси халқу миллати тоҷик – Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли омӯзгорону хонандагонро табрик намуда, зикр кард, ки дар ҳақиқат Парчами давлатӣ чун рамзҳои дигари давлатӣ рамзи муқаддаси Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ буда, симои воқеӣ ва таърихии худро дар намуди ба худ хос инъикос менамояд. Парчами давлатӣ рукни асосии муқаддасоти миллӣ низ ба шумор рафта бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло меравад. Дар охир аз ҷониби хонандагони фаъоли муассиса дар бораи Парчам маърӯзаву шеърҳои ҷолиби диққат қироат гардид.
Л.Тўйчиев – мутахассис оид ба иттилооти КИ ЊХДТ дар н.Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: