Парчами миллӣ-рамзи муқаддаси Истиқлолият.25-11-2016, 08:55
Хабарро хонданд: 370 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи Парчами давлатӣ дар қатори дигар ҷашнҳои нави миллӣ фаромӯшнопазир ва рӯзи пурифтихору сарфарозӣ мебошад. Парчамдорӣ, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид, барои миллати фарҳангдӯсту соҳибтамаддуни тоҷик суннати аҷдодӣ ба ҳисоб меравад. Бо ҳамин мақсад дар Қасри фарҳанги ба номи устод А.Рӯдакии ноҳияи Деваштич ҷашни мубораку фархунда Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳия, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич мӯҳтарам Ҷӯразода Рустам Боймурод, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Дар баромади хеш Ҷӯразода Р.Б. қайд намуд, ки аз файзи Истиқлолият ва неъматҳои муқаддаси сулҳу Ваҳдати миллӣ имрӯз Парчами миллӣ ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттифоқу сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷикистониёнро дар ҷилои рангҳои худ инъикос менамояд. Парчами давлатӣ нишони сарфарозиҳои мардум, далели шуҳрату иқболи баланд ва шукуҳафзои истиқлоли кишвар, инчунин баёнгари ормонҳои миллат ва шӯълаи дурахшони имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Дар охир барномаи фарҳангии ботаровати савту суруд ва назму наво, ки аз ҷониби аҳли санъати ноҳия ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда буд, манзури ҳамагон гардид. Мутахассис оид ба иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.