ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ОБЁРӢ» ТАЪСИС ЁФТ.21-11-2016, 10:44
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
Дар Маркази татбиқи лоиҳаи обёрии ноҳияи Данғара маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид. Дар маҷлиси муассисон Афзалшо Дӯстзода мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва бонувони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қурбонов Иброҳим Директори Маркази татбиқи лоиҳаи обёрии ноҳияи Данғара, Амонов Хайём мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Тибқи рӯзномаи маҷлиси муассисон, нахуст ба 10-нафар кормандони Маркази татбиқи лоиҳаи обёрии ноҳияи Данғара, ки дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ шомил шудаанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Сипас номи ташкилоти ибтидоии ҳизбиро “Обёрӣ” гузоштанд. Бо овоздиҳии ҳамаи аъзои ҳизб Қурбонов Иброҳим Директори Маркази татбиқи лоиҳаи обёрии ноҳияи Данғара, раиси-ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Обёрӣ” интихоб карда шуд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамаи ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд. Дар идомаи вохӯрӣ қайд намуд, ки ҲХДТ бо барномаҳои созанда ва бунёдкоронаи хеш тавонистааст, ки дар кишвар сафи аъзо ва ҷонибдоронашро зиёд намояд. Аз мушоҳидаҳои ҳамарӯза дар ҷараёни фаъолият бар меояд, ки барои ҳар як фарди бо нангу номус узви ҳизби пешво будан ифтихор аст. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.