Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мулоқот бо фаъолон

Мулоқот бо фаъолон

17-11-2016, 10:32
Хабарро хонданд: 306 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо фаъолон
Дар Ҷамоати Далёни Болои ноҳияи Деваштич мулоқот бо ҷавонон, фаъолону аҳли ҷамоатчигӣ дар мавзӯҳои мубрами рӯз пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бархурдор гаштан аз фаъолияти ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, риояи фарҳанги либоси миллӣ баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Рафоат Каримова дар мавзӯъҳои мазкур баромад намуда, оиди ҳодисаҳои номатлуб аз қабили даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон, вайроншавии оилаҳои ҷавон ибрози ақида карда, соати сиёсӣ дар мавзӯъи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ояндаи дурахшон» бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуда, сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи мамлакат боиси сарбаландии сокинони кишвар хонд. Дар охир қайд намуд, ки кишвари биҳиштосои мо бо муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо роҳбарии Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ноил гардида дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кард.
Мулоқот бо фаъолон

Аз номи аҳли ҷамоатчигӣ камитети маҳала нисбати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуда, аз дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Сарвари мамлакат нисбати ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол миннатдории хешро баён намуда, қайд кард, ки оиди саривақт ба иҷро расонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллатро мо мардуми ватандӯсту меҳанпараст сармашқи фаъолияти худ мешуморем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: