Шумори қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Яман ба бештар аз 7 ҳазор расид8-11-2016, 16:57
Хабарро хонданд: 251 нафар
Назарҳо: 0
Ҳафт ҳазору 70 одам қурбони ҷанги шаҳрвандии Яман шудааст. Ин маълумот дар гузориши Созмони байналхалқии тандурустӣ, ки дирӯз нашр шуд, зикр гардидааст. Бино бар асоси ин ҳуҷҷат, аз моҳи марти соли 2015 то кунун 35 ҳазору 818 сокини Яман аз ин ҷанг зиён дида, 2,1 миллион шаҳрванди Яман аз кишвар фирор кардаанд. Низои мусаллаҳона буҳрони башариро дар ин кишвар ба вуҷуд овардааст. Тибқи иттилои созмон, 21 миллион сокин ба кумаки фаврӣ ниёз дорад. Фиристодаи махсуси СММ дар умури Яман Исмоил валади Шайх Аҳмад ба эътилофи арабӣ, ки ҳарими ҳавоии Яманро назорат мекунад, муроҷиат карда, хостааст, эътилоф барои фурудоии ҳавопаймоҳои шаҳрвандӣ иҷозат диҳад. "Одамон мемиранд, зерсохтор тахриб мешавад, иқтисоди Яман дар остонаи сарнагунист", - вазъи Яманро вай чунин тасвир кардааст. Дар Яман, ки шиаҳои ҳусӣ пойтахти ин кишвар Санъоро ғасб кардаанд, бо артиши президенти ин кишвар Абду Раббо Мансур Ҳодӣ меҷанганд. Аз президенти Яман эътилофи арабӣ бо роҳбарии Арабистони Саудӣ ҳимоят мекунад. Саидрахмон Каримӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.