ТАСВИРҲОИ АЙТМАТОВ ДАР ПЕШИ НАЗАР8-11-2016, 16:35
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 0
РӮЗИ дуюми сафар на-здикии аср моро ба айлоқ мебаранд. Дидани айлоқ, шиносоӣ бо зиндагии мавсимии ин мардум аз ҷумлаи хоҳишҳои мо аст, ки зимни шиносоӣ ба роҳбарияти ноҳия гуфта будем. Дар ибтидо ба андеша фурӯ меравам: чаро пагоҳӣ неву наздики аср мо ҷониби айлоқ роҳ гирифтем. Акнун сафаҳм меравам, бегоҳ вақти бозгашти мол аз чаро шилдироси ҷӯйборон ва чаҳ-ҷаҳи парандагон бо маоси барраю бузғолаҳо ҳамнаво гашта, чун оҳанги зиндаи оркестри табиӣ дар фазои кӯҳистон танинандоз мешаванд ва ин ҳолатро хаймаю юртаҳои мардуми бодиянишин ранги дигар мебахшанд. Агар моро рӯзона ба ин ҷо меоварданд, аз шунидани ин оҳанг бенасиб мегаштем. -Ман тамоми асарҳои Чингиз Айтматовро хондаам. Хаёл мекунам, баробари дидани ин манзараҳо тасвирҳои зиндаи ин нависандаи бузург пеши чашмонам намудор мешаванд,-мегӯяд Суҳроб хомӯширо шикаста. -Дуруст гуфтед, кӯчманчигӣ, зиндагӣ дар хаймаю юртаҳо дур аз маҳалли аҳолинишин дар кӯҳу биёбон дар асарҳои ин нависандаи маъруф бештар таҷассум ёфтаанд. Ман низ бо дидани ин манзараҳо ба андешаҳои ин адиби забардаст фурӯ рафтаам,-суханони Суҳробро тақвият мебахшад Муҳаммадамин. Аксари қаҳрамонҳои Чингиз Айтматов ашхоси оддиянд, хонанда аз рафтори онҳо як ҷаҳон маънӣ мебардорад. Қаҳрамони имрӯзаи мо Холбек Маматалиев низ шахси оддӣ аст. Миллаташ қирғиз бошад ҳам, Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо бо забони тоҷикӣ ва бо ихтисоси муаллими риёзӣ хатм кардааст. Чандин сол ба шогирдон аз ин фан сабақ додааст,15 сол сарварии як таълимгоҳи калонро ҳам ба уҳда доштааст. Баъдан ба соҳибкорӣ машғул шуда, ибтидо ширкати "Комили Шариф"-ро таъсис медиҳад ва соли 1998 дар ноҳия яке аз аввалинҳо шуда, хоҷагиии деҳқонии "Бӯстон"-ро ташкил кард. Ин хоҷагӣ алҳол дар ихтиёри худ 5 гектар замини обӣ, 2,5 га замини лалмӣ, 15,5 га чарогоҳ ва 14 га замини ғайрикишоварзӣ дорад. Дар баробари нигоҳубини рамаи хоҷагӣ парвариши говҳои дӯшоиро низ ба роҳ мондаанд. -Ризқи аҳли хонаводаро мо аз айлоқ меёбем. Мавзее, ки алҳол қарор дорем, дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дар ҳамин ҷо ҳар сол чор-панҷ моҳи умри худро мегузаронем,- мегӯяд нафаре, ки сухан дар борааш меравад.- Зимистони мо дароз аст, ин ҷоро тарма зер мекунад. Моҳи май вақте ки тармаҳо об шуданд, зиндагии мо дар айлоқ аз нав шурӯъ мешавад. Аз нав симтурҳоро, ки аз хавфи тарма тирамоҳ канда будем, кашида, заминро нарм ва картошка кишт мекунем. Ба гуфтаи Холбек дар айлоқ барои зимистон картошка, маҳсулоти чорво, ҳезум ва барои молашон хӯрока захира мекунанд. Ҳосили заҳмате, ки дар ин ҷо тайи ин муддат мекашанд, то мавсими нав басанда аст. Холбек дар як ҳамвории се тарафаш кӯҳ кулбае бунёд намудааст, ки сарпаноҳи мавсими аҳли оилааш аст. Дар паҳлӯи он молхонаи ӯ ҷойгир аст, ки атрофашро бо санг девор кардаанд. Мисли дигар ҳамдиёронаш ҳар сол дар ин ҷо юрта намезанад, балки баробари фаро расидани мавсим бе мушкилӣ дар хонаи сохтааш зиндагиро давом медиҳад. Дар паҳлуи молхона дар қитъаи ҷудогона картошка коридааст, ки баландии буттаҳои он ниҳолҳои пахтаи мисриро мемонад. -Соли гузашта ҳамин қитъаро бо зарби белу зоғнӯл кушода, аз сангу шағал тоза кардем ва картошка коридем. Тирамоҳ аз 70 сотих 30 тонна ҳосил бардоштем,-мегӯяд Холбек.- Имсол бошад, тухмии навъи "дарозпалак"-ро аз Қирғизистон оварда кишт кардем. Умедворем, ки ҳосили фаровон мегирем,-меафзояд ӯ ва ба картошказор ишора карда мегӯяд, ки агар мобайни замин дароед, буттаҳои картошка шуморо паноҳ мекунад. Холбек дар идома зикр намуд, ки ният дорад дар оянда қитъаи киштро аз ҳисоби санглохи дар паҳлӯяш буда зиёд мекунад. Ӯ ҳамчунин дар якуним гектар гандум кишт карда, 57 халта ҳосил гирифтааст, ки барои аҳли оилааш як сол мерасад. Орзуҳои Холбек зиёд аст. Аз ҷумла вай мехоҳад, ки аспи тоҷикиро ба дунё орад. Бо ин мақсад як дӯсташ аз Қирғизистон ваъда додааст, ки ба ӯ як байтали англисиро туҳфа мекунад. Дӯсти дигараш аз Оламтой барояш тойи хатлонӣ ваъда кардааст. "Аз омезиши онҳо зоти тоҷикӣ ба дунё меояд",-мегӯяд ӯ. Орзуи дигари ин ҳамсуҳбати мо боз ҳам аҷиб аст. Дар ҳамин баландӣ мехоҳад ҳавзи гулмоҳӣ бунёд кунад ва меҳмонҳояшро бо гулмоҳӣ зиёфат диҳад. Оре, зиндагӣ бо орзу ширин аст. Вақте ки орзуҳо амалӣ мешаванд, кас эҳсос мекунад, ки ҳаёташ ранги дигар мегирад. -Насиб бошад, охирҳои сентябр пас аз ҷамъоварии ҳосил ба деҳа бармегардем. Дар ин ҷо хунукӣ барвақт меояд,-илова мекунад ӯ. Саргарми суҳбат нафаҳмида мондем, ки чодари сияҳи шаб атрофро пӯшонидааст. Акнун баргаштан мехоҳем, аммо Холбек садди роҳамон мешавад. Мегӯяд, ки омадани шуморо фаҳмида пагоҳӣ модари бачаҳоро супориш додам, ки нони гарм пазад. Агар ҳамроҳи дигар дӯстон як пиёла чои моро нахӯрда равед, хафа мешавам. Ҳис мекунам, ки ин таклиф самимона аст. -Медонистем, ки шумо ба хотири мо ин қадар заҳмат мекашед, аз пагоҳӣ чизе намехӯрдем,-мегӯям шӯхиомез ва хоҳиш мекунам, ки агар қимиз (нӯшокие, ки аз шири асп тайёр мекунанд) дошта бошед, албатта , менӯшем. -Мо айрон (нӯшокие, ки аз шири гӯсфанд омода мекунанд) дорем, қимизро бошад, ҳо аз айлоқи тағоиям меоранд,- ба сӯи юртаи ҳамсоя, ки поёнтар аз онҳо гузошта шудааст, ишора мекунад ӯ,- онҳо асп парвариш мекунанд. Мо ба кулбаи саҳроии Холбек наздик мешавем. Дар назди он мошини "Старекс"-ро мебинам. -Ин мошинҳо дар пойтахт мусофир мекашанд, дар ин ҷо чӣ?,-мепурсам кунҷковона. -Ин аз писарам аст. Дар мавсим оилаи мо ба ду тақсим мешавад. Нисфамон дар деҳа мемонем, боқимонда рӯ ба ҷониби айлоқ меорем. Ин моро бурдаву меорад,-посух медиҳад ӯ. Чун мебинем, ки қаҳрамони мо заҳмат кашида, нон кардааст, бо вуҷуди он ки торик шудаасту роҳ то маркази ноҳия дур аст, таклифи ӯро рад карда наметавонем ва вориди кулба мешавем. Дохили он аз шуои лампаи барқӣ рӯшан аст. Маълум, ки дар ин гӯшаи дурдаст генератор ҳам доранд. Хона васеъ, сутунҳои байн онро ба ду ҷудо мекунад. Дар як қисм кӯрпачаҳоро партофта, дастархон оростаанд, дар тарафи дигар, ки ҳамчун ҷойи хоб истифода мешавад, кӯрпаю болишт ва дигар лавозимоти рӯзгорро ботартиб гузоштаанд. Дастархон пур аз нозу неъмат аст, ба қавле ҷои холӣ надорад. Суҳбати мо атрофи зиндагии мардуми кӯҳистон идома меёбад. -Шукр, зиндагии мардуми мо хуб аст. Ҳамеша даст ба дуо мебардорем, ки Худованд оромию осудагии Тоҷикистони азизро нигоҳ дораду ҷамъи моро парешон накунад. Мо вақте аз айлоқ бармегардем, ки шаб аст. Хаёл мекунем, осмони мусаффои пур аз ситораи болои сар бароямон хеле наздик аст. Аз ин баландӣ ба поён нигариста, рӯшноии чароғҳои деҳаро мебинем, ки онҳо низ дар назар мисли ситораҳо чашмак мезананд. Накҳати насими форами кӯҳистон бошад, ба ҷисми кас ҳаловати дигар мебахшад… Алӣ Ҷӯра |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.