Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили Иди милитсия

Таҷлили Иди милитсия

8-11-2016, 15:30
Хабарро хонданд: 344 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили Иди милитсия

Ба муносибати Иди касбии кормандони милитсия дар толори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо иштироки ҳайати шахсӣ, Раиси ноҳия, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич мӯҳтарам Ҷӯразода Рустам Боймурод ва собиқадорони соҳа вохӯрӣ баргузор гардид ва чанд нафар кормандон бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд. Сипас дар Қасри фарҳанги ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ҷамъомади пурмуҳтавои идона бо суханронии Раиси ноҳия мӯҳтарам Ҷӯразода Рустам Боймурод ифтитоҳ ёфт. Дар суханронии хеш Ҷӯразода Р.Б қайд намуд, ки марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати Шумоён кормандони милитсия вобаста мебошад. Ҳар яки Шумо бо хизмати содиқонаи худ дар ҳимояи сокинони кишвар ва сулҳу Ваҳдат дар ҷомеа саҳми арзандае мегузоред. Дар охир Раиси ноҳия Ҷӯразода Р.Б барои хизмати сазоворашон бо нишонҳои сарисинагӣ ва Сипосномаҳо ба чанд нафар кормандон тақдим намуда, ҳамчунин даҳҳо нафар шахсоне, ки замоне баҳри осудагию оромӣ заҳмат кашидаанд бо тӯҳфаҳои Раиси ноҳия қадршиносӣ гардиданд. Аз ҷумла дар арафаи таҷлили иди касбӣ бо дастгирии роҳбарияти ноҳия, соњибкорону фаъолон ва сањмгузории њайати шахсї хобгоҳи дорои 22 кат, ки бо арзиши беш аз 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, бо иштироки Сардори Раёсати Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд муњтарам Шариф Назарзода мавриди истифода қарор гирифт.

Кормандони шӯъбаи фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дар васфи сулҳу оромӣ ба давраи идона ҷилои тоза бахшида, хусусан иштироки ҳунарманди номӣ устоди ханда Ҷамшеди Ҳалим хотирмон гардонид.
Таҷлили Иди милитсия
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: