«ИСТИҚБОЛ АЗ КОРИ ПЕШКОР»8-11-2016, 12:08
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 30 октябри соли ҷорӣ дар ростои истиқбол аз Рӯзи Конститутсияи кишвар бо ташаббус ва ибтикори намояндагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия мулоқоти хамватанон дар ҳошияи «Сарҷамъӣ – баҳри шукуфоии Ватан» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони расмии корпуси дипломатии Тоҷикистон дар Русия, Намояндагии Хадамоти муҳоҷират, соҳибкорону фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими шаҳри Москва, вилоятҳои Москва ва Владимир ширкат намуданд. Дар расми ифтитоҳ намояндаи ҳизб дар Федератсияи Русия Саидбек Мирзомуддинов бо ишора ба оғози корҳои сохтмонии сарбанди НБО-и Роғун, ки бо иштироки Пешвои миллат, асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, аз дастовардҳои даврони истиқлолият маърӯза намуд. Ва мавриди зикр аст, ки ин иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон воқеан дар бобати ба истиқлолияти энергетики расидани кишвар қадами устувор ба ҳисоб рафта, дар ояндаи наздик метавонад, ба ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ мусоидат намояд. Пасон, вобаста ба вазъи муҳочирати меҳнатӣ, рушд ва дастгирии соҳибкорӣ дар хориҷ, раванди гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарою пешгири аз он намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар ФР Сарвар Бахтӣ, муовини Сардори Хадамоти муҳочирати кишвар дар Москав Саид Боев, соҳибкор Абдусамад Абдуғаниевич табодули афкор намуданд. Ҳамзамон қобили зикр аст, ки дар ин нишаст ҷалби ҳамватанони бурунмарзии соҳибкор ба рушди иқтисодиёти мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни мулоқот ҳамчунин соҳибкорон ва тоҷирони тоҷик ба суолҳои худ оид ба навгониҳои қонунгузории федералӣ дар соҳаи муҳочират, фаъолияти намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар ФР ҷиҳати беҳдошти вазъи будубоши муҳоҷирони тоҷик ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Ва ҳамзамон аз тарафи соҳибкорон пешниҳод шуд, ки ташкилу баргузории чунин вохӯриҳо бештар шаваду ҳамватанони бурунмарзӣ низ тавонанд, то ҳадде бо истифода аз имкониятҳои хеш дар корҳои ҷамъиятиву сиёсии мамлакат саҳми худро гузоранд. Ҷамшед Неъматов, шаҳри Москва |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.