Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳадаф сарҷамъии муҳоҷирон аст

Ҳадаф сарҷамъии муҳоҷирон аст

4-08-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 546 нафар
Назарҳо: 0
Ҳадаф сарҷамъии муҳоҷирон аст
Мусоҳиба бо Саидбек Мирзомуддинов, намояндаи тозатаъини ҲХДТ дар Федератсияи Русия

- Таъини шумо ба ин мақом аз падидаҳои тоза дар фаъолияти ҲХДТ дар муддати зиёда аз ду даҳсола аст. Шумо дар ин вазифа иҷрои чӣ корҳоеро ба нақша гирифтаед?

- Мо дар аввал талош мекунем, ки тамоми аъзои ҲХДТ- ро, ки ба мақсади кор ба қаламрави Русия рафта, кору зиндагӣ мекунанд, сарҷамъ намоем.

Тавре медонед, ахиран Муовини Якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода ба ФР сафар доштанд ва зимни дидорҳо бо фаъолони ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Москва ҷиҳати робита бо аъзои ҳизб дар хориҷ аз кишвар музокрира анҷом доданд. Дар вохӯриҳое, ки бо муҳоҷирон шуд пешниҳод гардид, ки раҳбарияти ҳизб тадбирҳое барои идомаи фаъолияти онҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон ҷораҷӯӣ кунад. Бисёриҳо мегуфтанд, ки «Мо узви ин ҳизб ҳастем, аммо пас аз берун рафтан аз Тоҷикистон робитаамон бо он канда шудааст. Оё намешавад, ки бо ташкили намояндагии ҲХДТ ҳамкории мо бо ҳизбе, ки солҳо узвияташро доштем, дубора барқарор шавад.»

Бояд арз кунам, ки тасмим барои таъсиси намояндагии ҳизб дар Русия бо дарназардошти дархости муҳоҷирон гирифта шудааст. Банда ҳам чандин сол аз ҷумлаи фаъолони ҳизб ҳастам. Боиси қаноатмандӣ ва хушҳолӣ аст, ки Раҳбари ҲХДТ, Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳ ва Ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам ахиран пешниҳод барои кушодани намояндагии ҳизб дар ин кишварро дастгирӣ карданд.

Дар доираи нақшаи корӣ таъсиси намояндагӣ дар «Гостевой Дом» - и шаҳри Москва ва шаҳрҳои дигар, ба монанди Санкт-Петербург, Красноярск, Иркутск, баҳисобгирии аъзои ҳизб дар сархати кори мо хоҳад буд.

Ба андешаи ман, мо ҳама таҳти раҳбарии ҳизб барои иҷрои барномаҳои стратегӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистон аз як гиребон бояд сар барорем ва саҳми бештаре дар рушду пешрафти кишварамон, ҳалли мушилоти вобаста ба муҳоҷират гузорем.

Барои барқарор кардани робита бо диаспораҳои муҳоҷирони тоҷик, бо сафорати Тоҷикистон дар Русия, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва намояндагии он дар минтақаҳои ФР ҳамкорӣ хоҳем кард. Мо аллакай бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷа, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ вохӯриҳо анҷом дода, барномаи худро бо нақшаҳои онҳо ҳамоҳанг кардем.

Бояд таъкид намоям, ки бо вуҷуди дар қаламрави Русия кору зиндагӣ кардан бо таҳаввулоте, ки дар дохили кишварамон мегузашт, ҳамеша ошноӣ доштам ва аз ҳар тағйироте, ки дар бахшҳои қонунгузорӣ ва махсусан дар заминаи кор бо муҳоҷирон сурат мегирифт, саривақт огоҳӣ пайдо мекардам. Пас аз оғози фаъолият дар ин мақом ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ нишон медиҳем. Чунки огоҳӣ аз таҳаввулоти кишвар ҳатто барои шаҳрвандони дар хориҷ буда ҳам аҳамият дорад. Зиндагонӣ дар ҳоли пешрафт аст. Ва ҳар инсон дар баробари донистани рӯйдодҳои муҳими ҷаҳон аз ҳолу аҳволи кишвар ва Ватани худ дар ҳар куҷое набошад доим бояд хабардор шуда истад.

Меҳри Ватан аз донистани тағйиру таҳаввулоти кишвар ҳам сарчашма мегирад. Мо имрӯз шукргузор аз он ҳастем, ки суботу оромӣ дар Тоҷикистон пойдор аст ва имкони бемонеа ба хориҷ рафтану баргаштан ба назди аҳли оила ва наздикони худро дорем.

Аммо аз сӯи дигар, вақте сухан дар бораи муҳоҷират меравад ба мо талқин мекунанд, ки ҳамватанони худро дар Русия фақат машғули корҳои сиёҳ тасаввур намоем. Ман намегӯям, ки чунин нест, Бале мо аз ҷумла ба аробакашию фаррошӣ, ё корҳои дигари вазнин машғуланд, аммо дар баробари ин садҳо нафар ҳамватанонамон ҳоло бо кордонӣ, ташкили корхонаю ширкат ва коргоҳҳо зиндагӣ ва шароити беҳтару хубтареро барои худ ва гурӯҳҳое аз дигар ҳамватанонамон фароҳам намудаанд.

Кори мо дар заминаи ташкили намояндагӣ пешрав намешуд, агар Муовини Якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам С.С. Фаттоҳзода ҳангоми сафар ба пойтахти Русия бо чашми худ шароити кору зиндагии теъдоде аз муҳоҷиронро намедиданду бар қобилият, тавонмандии онҳо шинос намешуданд ва ҳамзамон зарурати таъсис намояндагӣ ҳизбро дар ин кишвар эҳсос намекарданд.

Банда, ки дар бахше аз барномаи сафар ҳамроҳӣ мекардам, он касро як шахси дилсӯзу кордон шинохтам. Инчунин дидам, ки дар суҳбат бо мақомоти сатҳи гуногуни Русия чӣ тавр боандешаю хирадмандӣ аз мавзеи Давлату Миллати Тоҷикистон ва ҳуқуқу ҷойгоҳи муҳоҷиронамон ҳимоят мекунанд.

Бояд қайд кунам, ки мо бо ташкили намояндагии ҳизб имкони зиёдтаре барои ошноӣ бо фаъолияти диаспораҳои тоҷик ва шунидани арзу ниёзи муҳоҷирони худ дар ФР пайдо мекунем.

Муҳоҷират ғуломӣ нест, тавре, ки баъзеҳо чунин маънидод мекунанд. Ҳоло шумораи зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар хориҷ аз кишварҳояшон кору зиндагонӣ мекунанд. Вале мухолифони ҳеҷ яке аз ин кишварҳо бо мақсадҳои ғаразнок ин раванди табииро чун як фоҷиаи миллат бозтоб намекунаду ба ин васила манфиати сиёсӣ намебардорад.

- Оё дар нақшаи намояндагии ҳизб кор бо донишҷӯён ва афроде, ки дар муассисаҳои ислоҳотии Русия қарор доранд ва ё дар боздоштгоҳҳо ҳастанд, низ ҷой дорад?
- Бале. Кор бо ин гурӯҳҳо низ дар нақшаи мо ҳаст. Ман аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯихати донишҷуёни тоҷики дар донишгоҳҳои Русия машғули таҳсил бударо гирифтам. Дар ҷараёни кор мо аз донишҷӯёни фаъол ба унвони як нерӯи созанда барои иҷрои барномаҳоямон барои барқарории робита бо ҳамватанони паҳну пареши худ истифода карданӣ ҳастем.

Албатта тоҷикони маҳбус ҳам бахше аз мардуми мо ҳастанд ва дар доираи салоҳият барои кам кардани мушкили онҳо ба онҳо дасти ёрӣ дароз мекунем.

- Дар сурати пайдо шудани хоҳишмандон барои узвият аз миёни муҳоҷирон чӣ хоҳед кард? Оё намояндагӣ барои пазириши онҳо ба узвияти ҳизб шароиту салоҳият дорад?
- Ман бовар дорам, ки чунин шахсони хоҳишманд кам нестанд. Ба мо тавсия шудааст, ки дар сурати пеш омадани чунин ҳолат аризаи онҳоро ҷамъ оварда, рӯихати хоҳишмандони сазоворро тавассути почтаи электронӣ ба Душанбе мефиристем ва дар ин ҷо барои иҷрои дархостҳо ва ба расмияти даровардани узвияти довталабон иқдом мешавад.

Ин нукта ҳам муҳим аст, ки бар асоси Ойинномаи ҲХДТ, сар карда аз сафиру кормандони дигари сафорат ҳамаи шаҳрвандони мо дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳақи узви ин ҳизб буданро доранд. Мо ба соҳибкорони тоҷик, ки имкони сармоягузорӣ дар кишварро доранд ва инчунин онҳое, ки метавонанд дӯстони сармоягузорашонро ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ҷалб намоянд, низ ҳамкорӣ мекунем. Мо тавсия хоҳем кард, ки сармояҳои худро барои ташкил ва ба кор андохтани коргоҳҳо дар маҳали зодгоҳи худ сарф кунанд. Мо дар ин кор барои иҷро шудани чунин нақшаҳои созанда бо тавсияю пешниҳодҳоямон мусоидат хоҳем кард.

Мо инро ҳам дарк мекунем, ки дар кишварамон ҳар қадар ҷои кор бештар бошад, ба ҳамон андоза теъдоди муҳоҷирати ҳамватанонамон ба хориҷ камтар мешавад.

Бар асоси омори расмии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ шумораи муҳоҷирони мо зиёда аз 300 ҳазор нафар эълон шудааст, аммо тибқи омори ғайрирасмӣ шумораи ҳамватанони мо дар хориҷ аз кишвар зиёда аз 1 миллион гуфта мешавад. Пӯшида нест, ки бахши асосии ин муҳоҷирон дар шаҳру минтақаҳои Русия кору зиндагии доимӣ ва ё муваққатӣ доранд.

Ногуфта намонад, ки муҳоҷирони тоҷик бахше аз шумораи чанд миллионнафарии муҳоҷирони хориҷӣ дар Русияро ташкил медиҳанд. Дар ин кишвар зиёда аз 2 миллион узбекҳо, қариб 1 миллион қирғизҳо, миллионҳо украину молдаван, озару гурҷӣ ва қазоқу миллатҳои дигар низ ҳастанд. Муҳоҷират дар ҳеҷ давру замон фоҷиа набуду имрӯз ҳам набояд чунин маънидод шавад. Мутаассифона нерӯҳое ҳам ҳастанд, ки ба мақсади расидан ба ҳадафҳои худ ин равандро танҳо аз нигоҳи манфӣ бозтоб мекунанд. Мо ин нуктаро бояд ба мардум тавзеҳ диҳем, ки муҳоҷират ғуломӣ нест, балки як зарурати пешомада барои инсонҳо мебошад ва ҳассосияти онро дуруст дарк карда, барои коҳиши мушкилоти пеш омада, ба таври дастҷамъона бояд талош намоем.

Худи ман қариб понздаҳ сол шуд, ки ба Русия рафта меоям. Аммо аз ин рафту омадҳо заррае меҳрам ба Ватани азизам кам нашудааст. Агарчӣ то ба ҳол ҳеҷ мақоме надоштам, вале як ҳаёт, барои амалӣ шудани иқдомоте, ки ба раҳбарии Президантамон оғоз мешуд, саҳм мегузоштам. Акнун бо азми комил барои иҷрои вазифаҳое, ки дар доираи салоҳияти намояндаи ҳизб ба уҳдаам мегузоранд, кӯшиш хоҳам кард.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: