Қаҳрамони Осиёи миёна1-09-2015, 15:00
Хабарро хонданд: 401 нафар
Назарҳо: 0
Тими футболи наврасони ноҳия маротибаи дуюм аст, ки зери сарпарастии собиқадори соҳаи варзиш, мураббии пуртаҷриба Салоҳ Бухориев дар мусобиқаи футболбозони навраси Осиёи Миёна ба гирифтани ҷои аввал мушарраф мегарданд.
Аз бозиҳои нахустин пайдо буд, ки наврасони тоҷик ба бозиҳо омодагии хуб дидаанд ва ғалабаи онҳо бар тимҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон инро равшан исбот намуд. Бозингарони восеъгӣ ба дарвозаи ҳарифон давоми мусобиқа 29 тӯб зада, аз дарвозаи худ чор тӯб сар доданд. Дар ғалабаи команда саҳми ҳар як футболбоз хеле калон буд. Аз дарвозабон сар карда, то ҳимоятгару нимҳимоятгар ва ҳуҷумкунандаҳо фаъолияти баланд ва маҳорату истедоди комили худро нишон доданд. Команда бо ғолибият ба Тоҷикистон баргашт. Ҳайати дастаро дар шаҳри Душанбе бо ифтихори баланд пешвоз гирифтанд. Ба ҳар як бозингар дастагул тақдим гардида, ба хотири ғолибияташон оши зафар низ дода шуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.